Тазоҳуроти “Рӯзи Хашм” дар Фаластин алайҳи “муомилаи қарн” ва пайвастани Каронаи бохтарӣ
(last modified 2020-07-01T15:23:48+00:00 )
Июл 01, 2020 20:23 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти “Рӯзи Хашм” дар Фаластин алайҳи “муомилаи қарн” ва пайвастани Каронаи бохтарӣ

Мардуми Фаластин имрӯз, чаҳоршанбе ва дар “Рӯзи Хашм" дар маҳкумияти тарҳи илҳоқи Каронаи бохтарӣ ва тарҳи ба истилоҳ сулҳи "муомилаи қарн” тазоҳурот карданд.

Ба гузориши ИСНА, ин тазоҳурот алайҳи тарҳи пайвастани Каронаи бохтарӣ ва “муомилаи қарн” дар ҳоли баргузорӣ аст. Дар ҳамин росто, ҳазорон нафар аз мардуми Ғазза дар ин тазоҳурот ширкат карданд.

Алӣ Файсал, узви дафтари сиёсии Ҷабҳаи халқ барои озодсозии Фаластин гуфт, тарҳи илҳоқи бахшҳое аз Каронаи бохтарӣ ба заминҳои ишғолӣ ба андозаи “фоҷеаи ҷадид” аст, ки ҳаргиз иҷро нахоҳад шуд.

Довуд Шаҳоб, масъули иттилоърасонӣ дар Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин низ хотирнишон кард, ҳатто аз як ваҷаб аз хоки Фаластин ҳам чашмпӯшӣ нахоҳем кард. Вай бо таъкид бар омодагии муқовимат гуфт, имкон надорад бипазирем, ки ин масъала мавриди ғафлат воқеъ шавад.

Вай дар идома афзуд, музокира ва созише вуҷуд надорад ва имкон надорад тарҳ ё барномаи ҷадидеро бипазирем. Гурӯҳҳои муқовиамт эълом кардаанд, ки тамоми гузинаҳо дар муқобили миллати Фаластин рӯйи миз аст ва посухи мо як раванди мушаххасе надорад.

Ҳозим Қосим, сухангӯи Ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос ҳам эълом кард, тарҳи илҳоқ, тарҳи хасмонаи ҷадиди Исроил алайҳи миллати Фаластин аст ва ин тарҳи саҳюнистӣ ба хотири муқовимати воқеӣ ақибнишинӣ мекунад.

Ба гузориши Маркази иттилоърасонии Фаластин, Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ аз муддатҳо қабл эълом карда буд, ки аз якуми июл ин тарҳро ба иҷро мегузорад, аммо зоҳиран ӯ феълан аз тасмими худ ақибнишинӣ карда ва иҷрои ин тарҳро ба вақте дигар гузоштааст.