Террори як коршиноси матраҳи масоили амниятӣ дар Бағдод
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i55216
Ҳишам Ал-Ҳошимӣ, коршиноси матраҳи амниятӣ ва сиёсии Ироқ аз ҷониби афроди мусаллаҳ террор шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 07, 2020 18:01 Asia/Dushanbe

Ҳишам Ал-Ҳошимӣ, коршиноси матраҳи амниятӣ ва сиёсии Ироқ аз ҷониби афроди мусаллаҳ террор шуд.

 

Бино ба иттилои радиои тоҷикии Садои Хуросон , ба нақл аз ИРНА , афроди мусаллаҳ  Ҳишом Ал-Ҳошимиро шоми душанбе пас аз як мусоҳибаи телевизионӣ дар Бағдод кушта шудаанд.

Вазорати умури дохилии Ироқ таъсиси як кумита барои таҳқиқи куштори Ҳишом Ал-Ҳошимӣ, таҳлилгари маъруфи Ироқро эълом кард.

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти куштори Ҳишам Ал-Ҳошимиро бар дӯш гирифт.

Сарвазири Ироқ Мустафо Ал-Козимӣ раҳбари раёсати амнияти минтақаро, ки Ал-Ҳошимӣ дар он ҷо кушта шуд,  аз кор сабукдӯш кард.

Шахсиятҳои сиёсӣ ва мақомҳои  давлати Ироқ шоми душанбе бо судури баёнияҳое террори  Ҳишам ал-Ҳошимиро маҳкум карданд.