Тазоҳурот алайҳи сиёсатҳои Натанияҳу дар Тел-Авив
(last modified Sun, 12 Jul 2020 06:48:37 GMT )
Июл 12, 2020 11:48 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳурот алайҳи сиёсатҳои Натанияҳу дар Тел-Авив

Эътирозоти чандин ҳазор нафар ба вазъияти номатлуби иқтисодии бархоста аз буҳрони вируси корона дар шаҳри Тел-Авив бо хушунати полиси режими саҳюнистӣ ҳамроҳ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, ҳамзамон бо ҳузури 10 ҳазор муътариз дар хиёбонҳои Тел-Авив дар эътироз ба сиёсатҳои кабинаи режими саҳюнистӣ дар мудирияти буҳрони вируси корона, неруҳои полис бо муътаризон даргир шуданд.

Неруҳои режими саҳюнистӣ пас аз поёни эътирозоти аслӣ дар майдони Рабини шаҳри Тел-Авив, бо садҳо нафар дар чандин нуқтаи шаҳр даргир шуданд ва бо истифода аз неруҳои савора ва гази қаланфур ҷамъиятро дур ва ҳамчунин 19 нафарро боздошт карданд.

Муътаризон ба хотири вазъи бади иқтисодӣ ба вижа таътили касбу корҳо ва вазъияти бавуҷудомада пас аз шуйюи корона ба хиёбонҳо омада буданд.

Нархи бекорӣ дар Фаластини ишғолӣ 21 дарсад баробар бо 850 ҳазор нафар гузориш шудааст.

Тазоҳурот дар Фаластини ишғолӣ дар эътироз ба вазъияти иқтисодӣ чандин бор аст, ки дар шаҳри Тел-Авив ва дигар нуқтаҳо баргузор мешавад.

Пас аз бекор кардани маҳдудиятҳо дар ҳафтаҳои ахир шумори мубталоён ба КОВИД-19 дар Фаластини ишғолӣ рӯзона беш аз ҳазор маврид гузориш мешавад.

Ҳам акнун омори мубталоён ба КОВИД-19 дар Фаластини ишғолӣ 37 ҳазору 464 маврид ва ҷонбохтагон 354 нафар гузориш шудааст.