Тазоҳуроти ҳазорон исроилӣ дар Қудс ва Тел-Авив бо дархости истеъфои Натанёҳу
(last modified 2020-07-15T12:27:34+00:00 )
Июл 15, 2020 17:27 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти ҳазорон исроилӣ дар Қудс ва Тел-Авив бо дархости истеъфои Натанёҳу

Ҳазорон тан аз шаҳрвандони исроилӣ бо тазоҳурот муқобили манзили нахуствазири Исроил, истеъфои вай аз ин симатро хостор шуданд.

Ба гузориши ИСНА, шабакаи 13 телевизиони режими саҳюнистӣ гузориш дод, ин тазоҳурот сешанбешаб дар Қудси ишғолӣ ва Тел-Авив баргузор шуд ва ширкаткунандагон дар он истеъфои Бенёмин Натанёҳуро, ки ба фасод муттаҳам аст, хостор шуданд.

Ҳозирон дар тазоҳуроти Қудси ишғолӣ, ки баровардшудаи шумори онҳо ҳудуди 2000 тан буд, овезаҳоеро дар даст доштанд, ки рӯйи онҳо ҷумлаи “Фасоди Натанёҳу моро мутанаффир карда”, “Натанёҳу истеъфо бидеҳ” ва “Исроил барои мост, на Натанёҳу” навишта шуда буд.

Ин тазоҳурот дар пайи иттиҳомоти фасод алайҳи Натанёҳу ва ҳамчунин шикасти давлати вай дар мудирияти буҳрони корона баргузор шуд.

Ширкаткунандагон талош карданд то аз мавонеи эҷодшуда тавассути полис убур кунанд, ки ба даргирӣ бо полис мунҷар шуд ва бархе тазоҳуркунандагон бо партоби тухми мурғ ба самти полис эътирозашонро нишон доданд.

Дар майдони Робин дар Тел-Авив низ иддае бо сар додани шиори коҳиши буҷаи ҷунбишҳои ҷавононро маҳкум карданд.

Дар ҳамин росто, раҳбарони ҷунбиши “Парчамҳои сиёҳ” эълом карданд, ки нахуствазири муттаҳам вақте барои ҳалли буҳрони иқтисодӣ надорад.

Натанёҳу дар се парванда бо иттиҳоми фасоду ришва мувоҷуҳ аст, ки ба хотири шуюъи корона муҳокимаи вайро ба таъхир андохтааст.