Июл 18, 2020 19:04 Asia/Dushanbe

Неруҳои низомии Русия як мошини гаштзании амрикоиро, ки дар вилояти Ҳасака дар шимоли шарқи Сурия қасди таъқиби ононро дошт, мутаваққиф карданд.

Ба гузориши рӯзи шанбеи пойгоҳи шабакаи Русия-ал-Явм, неруҳои низомии Русия як мошини гаштзании амрикоиро, ки дар таъқиби онон буд дар наздикии шаҳри Моликия дар 80 километрии шаҳри Қомишли воқеъ дар вилояти Ҳасака мутаваққиф карданд.

Бар асоси ин гузориш, як афсари рус пас аз мутаваққиф кардани неруҳои амрикоӣ аз онон хост аз талош барои таъқиби мошинҳои гаштзании Русия дар минтақа даст бардоранд.

Пеш аз ин низ неруҳои амрикоӣ чандин бор монеи убур ва гаштзании неруҳои артиши Русия дар ҷодаи шаҳрҳои Талл Тамр ва Қомишли, ки ба майдони нафтии Рамилон мепайвандад, шуда буданд.

Агарчи неруҳои амрикоӣ аз пойгоҳҳои худ дар шимоли Сурия ақиб нишастаанд, аммо неруҳои худро дар атрофи майдонҳои нафтӣ тақвият кардаанд.

Давлати Сурия борҳо бар зарурати хуруҷи неруҳои низомии Амрико, ки ба сурати ғайриқонунӣ ва бидуни дархост вориди ин кишвар шудаанд, таъкид кардааст.

 

Барчасп