Эъломи шаҳодати як узви Ҳизбуллоҳи Лубнон дар Сурия/ Омодабоши режими саҳюнистӣ аз тарси посухи Муқовимат
(last modified 2020-07-22T05:21:14+00:00 )
Июл 22, 2020 10:21 Asia/Dushanbe
  • Эъломи шаҳодати як узви Ҳизбуллоҳи Лубнон дар Сурия/ Омодабоши режими саҳюнистӣ аз тарси посухи Муқовимат

Расонаҳои исроилӣ эълом карданд, ниҳоди амниятии Исроил аз тарси вокуниши Ҳизбуллоҳи Лубнон дар марзҳои шимолӣ дар ҳолати омодабош аст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНА, ин омодабоши Исроил дар пайи шаҳодати яке аз аъзои Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ҳамлаи шаби гузаштаи режими саҳюнистӣ дар Сурия аст.

Расонаи вобаста ба Ҳизбуллоҳи Лубнон аз шаҳодати Алӣ Комил Муҳсен дар ҳамлаи шаби гузаштаи режими саҳюнистӣ ба атрофи фурудгоҳи Димишқ хабар дод.

Расонаҳои исроилӣ гузориш медиҳанд, ки эъломи хабари шаҳодати ин узви Ҳизбуллоҳ ба манзилаи вокуниши ин ҳизб дар оянда хоҳад буд.

Бар асоси гузориши расонаҳои исроилӣ, муассисаи низомии ин режим дар марзҳои муштарак бо Лубнон ба ҳолати омодабош даромадааст.