Нишасти ҳайатҳои Фатҳ ва Ҳаммос дар ростои муқобилаи тарҳи илҳоқи Каронаи Бохтарӣ
(last modified 2020-07-23T07:57:56+00:00 )
Июл 23, 2020 12:57 Asia/Dushanbe
  • Нишасти ҳайатҳои Фатҳ ва Ҳаммос дар ростои муқобилаи тарҳи илҳоқи Каронаи Бохтарӣ

Ҳайатҳои Ҷунбиши Ҳаммос ва Фатҳ нишасти муштаракро дар ростои идомаи талошҳо барои муқобила бо тарҳи режими Саҳюнистӣ барои илҳоқи Каронаи Бохтарӣ ва тарҳи сулҳи Амрико мавсум ба Муомилаи Қарн баргузор карданд.

Ба нақл аз ИСНА , Ҳаммос ва Фатҳ дар баёнияи муштарак таъкид карданд ,ки дар ин нишаст созу корҳои баргузории нишасти миллӣ алайҳи Муомилаи Қарн ва тарҳи илҳоқи Каронаи Бохтарӣ бо мушорикати шуморе аз шахсиятҳои байналмилаллӣ баррасӣ шуд.

Бар ҳамин асос , қарор аст канфронси муштарак байни ду Ҷунбиш дар ростои муқобила бо тарҳи илҳоқи Каронаи Бохтарӣ ва Муомилаи Қарн дар Ғаззаҳ баргузор шавад. Раёсати ҳайати Фатҳ бар уҳдаи Аҳмад Ҳалс , узви Кумитаи марказии ин Ҷунбиш ва раёсати ҳайати Ҳаммос низ бар уҳдаи Халил Ҳаниф, узви дафтари сиёсии ин Ҷунбиш буд.

Ба гузориши маркази иттилоърасонии Фаластин ҳануз замони дақиқи баргузории ин нишаст мушахас нашудааст.

Қарор аст дар ин Канфронс Исмоил Ҳания , раиси дафтари сиёсии Ҳаммос ва Маҳмуд Аббос , раҳбари Фатҳ ва раиси Ташкилоти Худгардон низ аз тариқи видиоканфронс суханрони кунанд.