Ҳаммос: Америка бо тасвиби кӯмаки молӣ ба Исроил дар ҷиноёти ин режим шарик аст
(last modified 2020-07-27T11:52:29+00:00 )
Июл 27, 2020 16:52 Asia/Dushanbe
  • Ҳаммос: Америка бо тасвиби кӯмаки молӣ ба Исроил дар ҷиноёти ин режим шарик аст

Ҷумбиши Ҳаммос тасвиби кӯмаки 38 миллиард долларӣ ба режими саҳюнистӣ дар конгресси Америкаро ба шиддат маҳкум кард.

Ба гузориши радиои бурун марзии Садои Хуросони Разавӣ,ба думболи тасвиби кӯмаки 38 миллиард долларии Америка ба режими саҳюнистӣ, ки бо истиқболи кумитаи равобити умумии Америка ва режими саҳюнистӣ Обик рӯбарӯ шуд, бо исми Наим, мудири дафтари равобити байналмилалии ҷунбиши Ҳаммос ин иқдомро ба шиддат маҳкум кард. Вай дар баёниае таъкид кард, ки ин кӯмакҳо натанҳо пӯшиши молӣ, балки пӯшиши сиёсӣ аз сӯи олитарин марҷаъи қонунгузорӣ дар Америка барои ҷиноёти режими ишғолгари саҳюнистӣ дар ҳаққи миллати Фаластин аст 
 
 Наим таъкид кард, ки чунин тарҳе он ҳам дар шароити кунунӣ мӯҷиби ташдиди арбадакашиҳои режими саҳюнистӣ ва нақзи ҳарчи бештари қавонини байналмилал аз сӯи ин режим хоҳад шуд, он ҳам дар шароите, ки ин режим дар ҳоли барномарезӣ барои илҳоқи бахшҳои васеи аз Каронаи Бохтарӣ ва дар пеш гирифтани сиёсати табъизи нажодӣ дар ҳаққи миллати Фаластин аст, ки худ накбати ҷадид барои фаластиниён хоҳад буд ва ҳаргуна шонси ташкили кишвари мустақили Фаластин ба пойтахти Қудсро аз байн хоҳад бурд. 
 
 Вай ишора кард, ки давлати Америка бо ин иқдом худро дар ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи миллати Фаластин ва ҳуқуқи таърихии он шарик карда ва чунин тарҳе ба ҳеҷ ваҷҳ ба нафъи субот ва амнияти минтақа ва ҷаҳон нахоҳад буд.