Сафири Фаластин: Сиёсатҳои Исроил роҳкори дукишвариро нобуд мекунад/ Умедворем Гаага чизи ҷадиде ироа диҳад
(last modified 2020-07-29T16:37:40+00:00 )
Июл 29, 2020 21:37 Asia/Dushanbe
  • Сафири Фаластин: Сиёсатҳои Исроил роҳкори дукишвариро нобуд мекунад/ Умедворем Гаага чизи ҷадиде ироа диҳад

Сафири Фаластин дар Созмони Милал таъкид кард: “Исроил бо сиёсати илҳоқ роҳкори дукишвариро нобуд мекунад ва ин ба маънои аз байн рафтани хостаҳои миллии мардуми Фаластин аст”.

Ба гузориши ИСНА, дар конфронси маҷозии байналмилалӣ, ки Кумитаи расидагӣ ба ҳуқуқи ғайрқобили инкори фаластиниҳо ҳамроҳ бо Созмони Ҳамкории исломӣ баргузор кард, Риёз Мансур, сафири Фаластин дар Созмони Милал бар лузуми муҳокимаи ҷароими режими саҳюнистӣ дар ҳаққи фаластиниҳо аз ҷанги июни 1967 таъкид кард.

 Риёз мансур афзуд: Муҳокимаи исроилиҳо муҷиби оғози як раванди сиёсӣ ва поён ёфтани ишғолгарии Исроил дар арозии фаластиниҳо аз замони ҷанги 1967 мешавад.

Сафири Фаластин дар Созмони Милал дар идома гуфт, умедворем додгоҳи кайфарии байналмилал чизи ҷадидеро дар бораи ҷиноёти ҷангӣ, ки Исроил дар арозии фаластиниҳо, аз ҷумла Қудси ишғолӣ дар ҳаққи онҳо муртакиб мешавад, ироа диҳад.

Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ пеш аз ин дар чандин муносибат эълом карда буд, ки кобинааш кори илҳоқи Ғӯри Урдун ва шаҳракҳои бузурги воқеъ дар Каронаи бохтарии ишғолиро аввали июли ҷорӣ оғоз хоҳад кард, аммо ҳеҷ иқдоме дар ин хусус анҷом нашуд.

Риёз Мансур дар идома бо интиқод аз Шӯрои амният дар судури беш аз 700 қатънома дар тӯли 20 соли гузашта, ки ниме аз онҳо бар асоси банди ҳафт содир шудаанд, гуфт, бештари ин қатъномаҳо марбут ба Сурия, Ироқ, Яман ва Либия буданд ва дар онҳо як қатънома дар бораи даргирии ду тарафи фаластинӣ ва исроилӣ вуҷуд надорад.