Башор Асад: Артиши Сурия пирӯзиҳои бузургеро рақам зад
(last modified Sat, 01 Aug 2020 12:48:44 GMT )
Август 01, 2020 17:48 Asia/Dushanbe
  • Башор Асад: Артиши Сурия пирӯзиҳои бузургеро рақам зад

Раиси ҷумҳури Сурия гуфт артиши ин кишвар дар тамоми марҳилаҳои ҷанги зидди терроризм дар канори миллати Сурия истод ва пирӯзиҳои бузургеро рақам зад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории расмии Сурия (САНА), Башор Асад рӯзи шанбе ба муносибати ҳафтоду панҷумин солгарди таъсиси артиши ин кишвар ҳамчунин гуфт: Дастовардҳои артиш таи беш аз 9 сол ҷанг зидди терроризм возеҳ ва ошкор аст.

Асад таъкид кард, неруҳои артиши Сурия бо неруҳои шар ва терроризм муқобила карданд ва дар миёнаи чолишҳо ва ҷангҳо собит карданд аҳли пойдорӣ, фидокорӣ ва шуҷоат ҳастанд.

Раиси ҷумҳури Сурия неруҳои артиши кишварашро ба идома додани "масири дурахшони мардонагӣ ва фидокорӣ" барои озодсозии комили хоки ин кишвар аз аносури террористӣ фарохонд.

Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густурдаи гуруҳ‎ҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва муттаҳидонашон барои тағйири муодилоти минтақа ба нафъи режими саҳюнистӣ оғоз шуд.

Артиши Сурия бо кумакҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русия тавонист кори гуруҳи террористии ДОИШ-ро дар Сурия яксара кунад ва дигар гуруҳҳои террористӣ низ дар ҳоли шикаст хурдан ҳастанд.