Нест кардани яке аз калонтарин анборҳои террористӣ дар Идлиб
(last modified Mon, 03 Aug 2020 14:05:10 GMT )
Август 03, 2020 19:05 Asia/Dushanbe
  • Нест кардани яке аз калонтарин анборҳои террористӣ дар Идлиб

Ҷангандаҳои Сурия яке аз муҳимтарин амборҳои силоҳ ва муҳммоти мутаалиқ ба Ҷабҳатун-Нусраро дар Идлиб мунфаҷир карданд.

 Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросони Разавӣ ба нақл аз Исна, ин ҷангандаҳо, яке аз бузургтарин анборҳои таҷҳизот ва муҳиммоти мутааллиқ ба Ал-Ансорро дар атрофи шаҳри «Бенш» воқеъ дар шимоли шарқи остони Идлиб, мунҳадим карданд. 
 
 Дар пайи ин ҳамалот, ин анбор, ба сурати комил тахриб шуд. 
 
 Ин амалиёт, пас аз расади  яке аз мавозеи Ҷабҳатун Ан-Нусра тавассути паҳподҳои артиши Сурия иҷро шуд, террористҳо аз ин мавзеъ, ба унвони анбори силоҳ ва муҳиммот истифода мекарданд. 
 
 Шиносоии ин мақар боис шуд, ки ҷангандаҳои Сурия, амалиёти худро оғоз кунанд ва билофосила садои инфиҷорҳо дар якчанд минтақа аз Идлиб ба гӯш расид, ки ноши аз инфиҷори муҳиммот буд. 
 
 Бар асоси иттилооти аввалия, дар пайи ин ҳамалот, беш аз 20 террорист, ки дар наздикии маҳалли инфиҷор қарор доштанд, кушта ва захмӣ шуданд. 
 
 Бахши аъзами остони Идлиб дар ишғоли террористҳо қарор дорад. 
 
 Артиши Сурия борҳо таъкид кардааст, ки ин остонро низ аз аносири террористӣ пас хоҳад гирифт.