Лаҳзаи ваҳшатноки маҷруҳ шудани ҳамсари сафири Нидерланд дар Лубнон бар асари таркиш
(last modified 2020-08-09T04:11:49+00:00 )
Август 09, 2020 09:11 Asia/Dushanbe

Ҳамсари сафири Нидерланд дар Лубнон бар асари таркиши ҳавлнок дар бандари Бейрут пас аз се рӯз ҷароҳати шадид ҷони худро аз даст дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Рейтерз, Ҳедвинг Валтманс-Молиер, ҳамсари сафири ин кишвар дар Лубнон, ки дар таркиши маҳиби бандари шаҳри Бейрут маҷруҳ шуда буд рӯзи шанбе ҷони худро аз даст дод.

Рейтерз ба нақл аз торнамои Вазорати умури хориҷаи Нидерланд навишт, ки Ҳедвин Молиер 55 сола ба ҳамроҳи ҳамсараш Ян Валтманс ҳангоми таркиш дар хонаи худ дар Бейрут будааст.

Таркиши рӯзи сешанбеи гузаштаи Бейрут ба сохтмони сафорати Нидерланд дар Бейрут ба шиддат осеб дид ва нахуствазири ин кишвар эълом кард, ки панҷ нафар дар сафорати ин кишвар дар Бейрут аз ҷумла ҳамсари сафир захмӣ шудаанд.

 

Барчасп