Август 09, 2020 10:18 Asia/Dushanbe
  • Ифшогарии Фарн Полиси дар бораи пешниҳоди Арабистон ба Амрико зидди Қатар

Торнамои нашрияи амрикоӣ рӯзи шанбе фош кард, ки Арабистон дар соли 2017 ва муддате пас аз муҳосираи Қатар, пешниҳоди ҳамла ба ин кишварро ба раиси ҷумҳури Амрико дода буд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, рӯзномаи Фарн Полиси рӯзи шанбе дар матлабе ба мавзуи ихтилофи бархе аз кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс бо Қатар пардохт ва навишт: Салмон бин Абдулазиз- подшоҳи Арабистон дар июни 2017 ва пас аз гузашти чанд рӯз аз муҳосираи Қатар, дар тамоси телефонӣ бо Доналд Трамп ба ӯ пешниҳоди ҳамла ба Қатарро дод, ки Трамп ба шиддат ин пешниҳодро рад кард.

Ба навиштаи Фарн Полисӣ, Вашингтон пас аз он аз Кувейт хост, ки барои ҳалли даргирӣ ва ихтилофи ин кишварҳо бо Қатар дар чорчуби Шурои ҳамкории Халиҷи Форс, миёнҷигарӣ кунад.

Арабистон, Баҳрайн, Аморот ва Миср аз июни 2017 Қатарро ба иттиҳоми ҳимоят аз гуруҳҳои террористӣ ва чанд иттиҳоми дигар, таҳрими ҳавоӣ, заминӣ ва дарёӣ карданд ва осмони худро бар ҳавопаймоҳои мусофирӣ ва тиҷории ин кишвар бастанд.

Нашрияи  "Wall Street Journal" низ соли 2019 аз тарҳи артиши Арабистон барои ҳамла ба Қатар парда бардошт.

То кунун талоши Кувейт ва дигар миёнҷигарҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ барои ҳалли буҳрони Қатар бенатиҷа мондааст.

 

Барчасп