Август 09, 2020 19:58 Asia/Dushanbe
  • Густариши тазоҳурот алайҳи Натаняҳу ба хориҷ аз Фаластини ишғолӣ

Ҷунбиши эътирозӣ алайҳи назуст вазири саҳюнистӣ бо баргузории таҷаммот дар кишварҳои Германия, Британия, Австралия, Швесария Голландия ва Америка ҳамроҳ шуд.

Ба гузориши рӯзномаи саҳюнистии Ерусалим Пост, созмондиҳандагони тазоҳурот алайҳи Бинямин Натаняҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ дар Голден Гейти (Дарвозаи тиллоӣ) Сан-Франсиско рӯзи ҷумъа як таҷаммӯи дигар дар Маямиро мудирият карданд ва 4 барномаи дигар барои  рӯзи якшанбе дар Лас-Анжелос, Сан-Франсиско, Торонто (Канада) ва Сидней (Австралия)-ро тартиб доданд.

Ин гуруҳ дар баёнияе аз сокинони Фаластини ишғолӣ, хостанд то бо иттиҳод алайҳи фарҳанги фасод ва ҳаросафканӣ мубориза кунанд.

Тазоҳуроти дигаре ҳам дар шаҳрҳое, аз ҷумла Бостон, Маями, Вашингтон, Берлин, Лондон, Кембриҷ ва Бозил (Швесария) тартиб дода шудааст. 

Аввалин эътирозҳои хориҷӣ алайҳи Бинямин Натаняҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ дар ҳафтаи аввали моҳи август дар Сан-Франсиско, Ню-Йорк, Лондон ва Берлин баргузор шуда буд.

Сокинони шаҳрҳои мухталифи Фаластини ишғолӣ, аз ҷумла дар Тел-Авив ва Қудси ишғолӣ бо баргузории тазоҳурот, эътирозоти худро ба сиёсатҳои мухталифи Натаняҳу ва ҳамчунин парвандаҳои фасоди вай нишон додаанд.

Муътаризон бо интиқод аз амалкарди заифи кобинети Натаняҳу дар контроли вируси корона ва парвандаҳои фасоди молии ӯ ва ҳамсараш, хостори истеъфои ҳар чи сареътари ӯ шудаанд.

Натаняҳу, дар моҳҳои ахир даргири 4 парвандаи фасоди молӣ будааст.

Барчасп