Август 10, 2020 10:52 Asia/Dushanbe
  • Тааҳҳуди 298 миллиондолларӣ барои кумак ба Лубнон

Ширкаткунандагон дар конфронси маҷозии ҳимоят аз Бейрут ва мардуми Лубнон ба пардохти кумаки 225.7 миллионевроӣ (баробар бо 298 миллион доллар) ба ин кишвар мутааҳҳид шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Эманоэл Макрон- раиси ҷумҳури Фаронса рӯзи якшанбе гуфт: Эҳдокунандагон дар ин конфронс ваъдаи кумакҳои фаврӣ бо тамаркуз бар дармон, омӯзиш, таъмини маводи ғизоӣ ва масканро ироа карданд.

Ба гуфтаи Макрон, Фаронса мутааҳҳид ба эътои 30 миллион евро шудааст.

Комиссияи Аврупо бозуи иҷроии Ииттиҳодия Аврупо низ дар конфронси Лубнон мутааҳҳид ба кумаки 30 миллионевроӣ (35 миллиондолларӣ) шуд.

Бар асоси ин гузориш, давлати Англис низ дар конфронси Лубнон ба кумаки 20 миллионфунтӣ (26 миллиондолларӣ) ба мардуми ин кишвар мутааҳҳид шуд.

Ҳайко Мас, вазири умури хориҷаи Олмон низ эълом кард, ки дар паи таркиши Бейрут, Берлин 10 миллион евро дар сурати ниёзи фаврӣ ба Лубнон медиҳад.

Конфронси ҷамъоварии кумаки молӣ ба Лубнон рӯзи якшанбе 9 август дар Париж ба сурати маҷозӣ бо ибтикори давлати Фаронса ва дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва бо ҳузури намояндагоне аз Созмони Миллали Муттаҳид ва 36 кишвар ва ниҳоди байналмилалӣ бо ҳадафи ҷамъоварии кумаки молӣ барои Лубнон баргузор шуд.

Дар таркиши шадиди рӯзи сешанбе дар бандари Бейрути Лубнон то кунун 158 нафар кушта ва беш аз 6 ҳазор нафар захмӣ шудаанд ва хисорати молии фаровоне низ ба ин шаҳр ворид шудааст.

 

Барчасп