Ҳушдор дар бораи бандаре, ки ду баробари Бейрут нитрати омуниюм дорад
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i56314-Ҳушдор_дар_бораи_бандаре_ки_ду_баробари_Бейрут_нитрати_омуниюм_дорад
Раиси вилояти Адани Яман дар бораи хатари анбошти ҳазорон тонна нитрати омуниюм дар бандари Адан аз сӯи неруҳои ишғолгари саудӣ- аморотӣ ва маздурони онҳо ҳушдор дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 10, 2020 08:09 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдор дар бораи бандаре, ки ду баробари Бейрут нитрати омуниюм дорад

Раиси вилояти Адани Яман дар бораи хатари анбошти ҳазорон тонна нитрати омуниюм дар бандари Адан аз сӯи неруҳои ишғолгари саудӣ- аморотӣ ва маздурони онҳо ҳушдор дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи хабарии Алмасира, Ториқ Салом шанбешаб гуфт: Ин мавод аз се соли пеш бидуни ёфтани ҳаргуна роҳи ҳалли фаврӣ барои масрафи он ё иқдоми муносиб барои дур нигаҳ доштани шаҳрвандон ва амволи онон аз хатари эҳтимолӣ, анбор шудааст.

Вай афзуд: Неруҳои эътилоф бо тавқифи континерҳои ҳовии ин мавод, онҳоро дар искилаи бандари Адан бидуни андешидани тадбирҳои лозим раҳо кардаанд ва ин мавод дар сурати таркиш зиндагии шаҳрвандонро ба хатар меандозад.

Раиси вилояти Адан ёдовар шуд, ки ҳаҷми нитрати омуниюми анборшуда дар бандари Адан 4 ҳазору 900 тонна яъне наздик ба ду баробари мизоне аст, ки Бейрутро тарконд.

Салом аз гурӯҳҳои сиёсӣ- иҷтимоӣ хост ба вазифаҳои худ амал кунанд ва Аданро аз фоҷиае, ки шояд неруҳои ишғолгар ва маздурони он боиси он шаванд, дур нигаҳ доранд.