Август 11, 2020 10:55 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири Лубнон расман истеъфо кард

Ҳасон Даёб- нахуствазири Лубнон ба думболи таркиши ахири бандари Бейрут ва идомаи фишорҳо ба давлати ин кишвар, расман истеъфо кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, нахуствазири Лубнон душанбешаб дар як суханронии телевизионӣ хитоб ба мардуми ин кишвар гуфт: Сохтори фасод дар Лубнон бузургтар аз давлат буда ва фоҷиаи таркиши бандари Бейрут низ ба далели фасоди густурда дар ин кишвар аст.

Даёб тасреҳ кард: Бархе фақат ба думболи дастёбӣ ба пирӯзиҳои сиёсӣ ва хитобаҳои мардумӣ ҳастанд ва барои интиқод аз давлати Лубнон, аз ҳар чизе истифода карданд, аммо он чи барои мо аҳамият дорад наҷоти кишвар аст.

Нахуствазири Лубнон афзуд: Фоҷиаи бузурге дар Лубнон рух додааст ва ҳамаи гурӯҳҳо ва ҷараёнҳо бояд барои убури кишвар аз ин мусибат ва фоҷиа ҳамкорӣ кунанд.

Ба думболи вуқуи ду таркиш дар бандари Бейрут, ки асри сешанбеи гузашта дар анборҳои дорои 2 ҳазору 750 тонна нитрати омуниюм сурат гирифт, то кунун ҳудуди 200 нафар кушта ва беш аз 5 ҳазор нафар захмӣ шуданд.

То замони ташкили давлати нав, кабинаи кунунӣ ба унвони давлати пешбурди умур фаъолият хоҳад кард.

 

Барчасп