Насруллоҳ: Тавофуқи Абузабӣ ва Тел-Авив хидмати интихоботӣ ба Трамп ва Натанёҳу аст
(last modified 2020-08-15T04:03:16+00:00 )
Август 15, 2020 09:03 Asia/Dushanbe
  • Насруллоҳ: Тавофуқи Абузабӣ ва Тел-Авив хидмати интихоботӣ ба Трамп ва Натанёҳу аст

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон оддисозии робитаҳои Аморот бо режеми саҳюнистиро хидмати интихоботӣ ба Трамп ва Натанёҳу донист.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Сайидҳасан Насруллоҳ ҷумъашаб дар суханоне ба муносибати чаҳордаҳумин солгарди пирӯзии муқовимат дар ҷанги 33 рӯза гуфт: Трамп барои пирӯзӣ дар интихоботи ояндаи Амрико ниёзманди тавофуқи Абузабӣ бо режеми саҳюнистӣ буд.

  Насруллоҳ бо ишора ба тавофуқи Абузабӣ бо режеми саҳюнистӣ изҳор дошт: Мо аз тавофуқи Аморот бо режеми саҳюнистӣ ғофилгир нашудем, зеро пеш аз ин вазирони исроилӣ ба Аморот сафар мекарданд ва дар бархе аз ҳавзаҳо ду тараф ба тавофуқҳое низ расида буданд.

 Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард: Эъломи тавофуқи ин ду тараф зоҳиран ниёзи Амрико будааст, то ин масъала ба нафъи Трамп тамом шавад ва далели эъломи ин тавофуқ дар ин замон ин аст, ки бархе ҳокимони араби навкар дар минтақа ба думболи хидмат ба раисҷумҳури Амрико ҳастанд, то бахти пирӯзии вай дар интихобот бештар шавад.

 Вай таъкид кард: Ин иқдоми Амороти муттаҳидаи арабӣ хидмате ба Натанёҳу ва Тел-Авив низ ҳаст, зеро нахуствазири режеми саҳюнистӣ ба думболи ин аст, ки ба мардуми худ бигӯяд ин тавофуқ ва сулҳ як дастоварди таърихӣ аст.

 Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон бо гиромидошти ёди шаҳид ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ гуфт, ки вай дар фармондеҳии марказии ҷанги 33 рӯза нақши муҳимме ифо кард.

 Сайидҳасан Насруллоҳ ҳамчунин дар робита бо нақши эҳтимолии режеми саҳюнистӣ дар таркиши Бейрут гуфт: Агар Исроил ба инфиҷори Бейрут иртиботе дошта бошад, Ҳизбуллоҳ дар баробари ҷинояте бо ин ҳаҷм сукут нахоҳад кард ва Тел-Авив товони ин ҷиноятро хоҳад пардохт.

 

Барчасп