Тазоҳуроти мардуми Фаластин дар маҳкумияти тавофуқи Аморот ва режими саҳюнистӣ /намозгузорон тасовири Бин Зоидро оташ заданд
(last modified 2020-08-16T06:27:00+00:00 )
Август 16, 2020 11:27 Asia/Dushanbe

Садҳо нафар аз мардуми Фаластин бо баргузории тазоҳурот дар шаҳрҳои мухталифи ин сарзамин, тавофуқи Аморот ва режими саҳюнистиро маҳкум карданд.

Дар пайи талошҳои бевақфаи Раиси Ҷумҳурии Амрико Доналд Трамп, барои тасҳили раванди оддисозии равобити байни Аморот ва режими саҳюнистӣ, ду тараф рӯзи панҷшанбе бар сари оддисозии комили равобити дипломатӣ ба тавофуқ расиданд.