Август 17, 2020 07:58 Asia/Dushanbe
  • Шарти Бин Салмон барои эъломи оддисозии робитаҳо бо режеми саҳюнистӣ

Ифшогари саудии маъруф ба Муҷтаҳид мегӯяд: Валиаҳди саудӣ ба амрикоиҳо гуфтааст ба як шарт омодааст барои оддисозии равобит бо режеми Исроил иқдом кунад.

 Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Муҷтаҳид-фаъоли тветтирии маъруф ба "ифшогари асрори хонадони саудӣ" рӯзи якшанбе дар тветте фош кард, ки Арабистон низ хостори оддисозии равобит бо режеми саҳюнистӣ аст, аммо Муҳаммад бин Салмон- валиаҳди саудӣ аз амрикоиҳо мехоҳад дар муқобили эъломи оддисозии равобити Риёз- Тел-Авив, шоҳзодаҳои мухолифро ба байъат бо ӯ ба унвони подшоҳ маҷбур кунанд.

 Ба гуфтаи Муҷтаҳид, байни валиаҳди саудӣ ва давлати Трамп бар сари ин мавзӯъ ихтилофи назар аст, чаро, ки амрикоиҳо мегӯянд: «Аввал оддисозӣ», ва Муҳаммад бин Салмон ҳам мегӯяд: «Аввал байъат бо ман».

 Пештар торнамои хабарии Осиё Таймс гузориш дода буд, ки ба назар мерасад Муҳаммад бин Салмон- валиаҳди саудӣ то пеш аз баргузории интихоботи Амрико дар моҳи ноябр контроли ҳукумат дар подшоҳии Арабистони саудиро ба даст гирад.

 Муҳаммад бин Салмон барои амалисозии орзуҳои худ, ки ҳамоно ҷонишинии падараш аст, то кунун саъй карда ба ҳар роҳи мумкин монеъҳои пеши рӯйи худро канор бизанад, ки муҳимтарини онҳо дур кардани шоҳзодагони шоистатар ва ботаҷрибатари саудӣ аз қудрат будааст.

Рӯзномаи Ядиъут Охронот низ рӯзи шанбе ба нақл аз Ҳайем Сабан-тоҷири саҳюнист ва падархондаи тавофуқи Тел-Авив-Абузабӣ гузориш дода буд, ки бин Салмон дар маросиме ба ӯ гуфтааст иллати аслии ошкор  нашудани оддисозии робитаҳои Риёз-Тел-Авив, тарс аз Эрон ва Қатар аст.

Амороти муттаҳидаи арабӣ ва режеми ишғолгари Қудс рӯзи панҷшанбеи гузашта дар баёнияи муштараке бо Амрико эълом карданд,ки Тел-Авив ва Абузабӣ бо воситагирии Вашингтон бар сари оддисозии робитаҳои дуҷониба ба тавофуқ расиданд.

 

Барчасп