Паёмади сафари Ал-Козимӣ ба Амрико
Сафари Мустафо Ал-Козимӣ ба Амрико ва дидори вай бо Доналд Трамп дар ҳоле анҷом шуд, ки "миёни он чи ки гуфта шуд" ва "он чи ки воқеӣ аст", таорузи ошкорӣ вуҷуд дорад.
Доналд Трамп , Раиси Ҷумҳурии Амрико марти соли 2017 дар Кохи сафед мизбони Ҳайдари Ал-Ибодӣ , нахуст вазири асбақи Ироқ буд . Ал-Козимӣ дар ҳоле ба Ироқ сафар ва бо Трамп дидор кард, ки раиси Ҷумҳурии Амрико пеш аз ин ҳозир нашуд аз Одил Абдулмаҳдӣ , нахуст вазири пешини Ироқ дар Амрико мизбонӣ кунад . Қарор буд Абдулмаҳдӣ дар соли 2019 ба Вашингтон сафар кунад , аммо се бор торихи сафари вай тамдид шуд ва ниҳоятан низ ин сафар анҷом нашуд, чунки Абдулмаҳдӣ дар сафари барномарезӣ нашудаи авохири декабри 2018 Трамп ба Ироқ , аз манзари « иззат » бо Трамп рафтор карду ҳозир нашуд бо вай дар пойгоҳи Низомии Айнул Асад дидор кунад .
Амнияту иқтисоди ду дастури кори аслии сафари Ал-Козимӣ дидор бо Раиси Ҷумҳурии Амрико буд . Ал-Козимӣ дар шароите ба Амрико сафар кард, ки яке аз мутолибаҳои муҳиму ҷиддии бахши зиёде аз гурӯҳҳои сиёсӣ ва мардуми Ироқ , хуруҷи низомиёни Амрикоӣ аз Ироқ буд . Ин мутолибаи мусаввабаи порлумони Ироқ низ аст . Порлумони Ироқӣ 5 январи 2020 тарҳи хуруҷи низомиёни Амрикоӣ аз Ироқро тасвиб карда буд . Дар айни ҳол, таҳдидҳо алайҳи низомиён ва ҳатто сафорати Амрико дар Ироқ низ раванди афзоишии қобили мулоҳизае дар соли 2020 доштааст . Ҳам Трамп ва ҳам Ал-Козимӣ аз вазъияти шиканандаи низомиёни амрикоӣ дар Ироқ огоҳӣ доштанд . Бинобар ин, байни сиёсати эълоншуда ва амалҳои Раиси Ҷумҳурии Иёлоти Муттаҳида ва сарвазири Ироқ дар масъалаи амният ихтилофи возеҳ вуҷуд дорад.
Трамп ба Ал-Козимӣ ваъда дод низомиёни Амрикоро дар се сол аз Ироқ хориҷ мекунад , аммо ин сирфан як « иддао » буд . Воқеъият ин аст, ки Трамп ва раиси Ҷумҳурии баъдии Амрико ҳатто агар Трамп набошад , барои боқӣ мондани низомиёни Амрикоӣ дар Ироқ муқовимат хоҳанд кард . Ин таъоруз ҳатто дар изҳори назарҳо ва баёнияҳои ду тараф вуҷуд дошт . Барои намуна, дар баёнияи муштараки Ал-Козимӣ ва Трамп омадааст : « ҳамкории амниятии мо , як поя ва асосро барои густариши талошҳои ҳамкорӣ дар заминаҳои иқтисодӣ , инсонӣ , сиёсӣ ва фарҳангӣ эҷод мекунад .» Ин рӯйкард дар баёнияи ихтисосии Кохи сафед низ омада ва таъкид шуда, ки : «ҳамкории амниятии талошҳои ду кишвар барои тавсеаи равобити иқтисодӣ, инсонӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро низ тақвият мекунад.»
Ал-Козимӣ ва Трамп бо таъкид бар хуруҷи низомиёни Амрикоӣ аз Ироқ дар се соли оянда , талош карданд монеъи тазъифи мавқеъияти дохилии нахуствазири кунунии Ироқ шуда ва аз афзоиши фишори мардум ва гурӯҳҳои муқовимат бар вай ҷилавгирӣ кунанд . Бо ин ҳол , гаравҳои муқовимати Ироқ дар баёнияе бо интиқод аз мавзеи Ал-Козимӣ дар хусуси низомиёни амрикоӣ дар дидор бо Трамп , эълом карданд : « аз ин,ки дидори Ал-Козимӣ бо Трамп шомили иҷроии мусаввабаи ихроҷи комили низомиёни ишғолгари Амрико набуд , дар ҳайрат шудем .»
Дар заминаи иқтисод низ он чӣ тарафайн тавофуқ карданд сабаби тақвияти мавзеи Ал-Козимӣ дар дохили Ироқ нахоҳад шуд . муҳимтарин дастоварди иқтисодии ин сафар , тавофуқи 8 миллиард долларӣ барои сармоягузорӣ дар бахши нерӯ дар Ироқ буд, ки муқарар шуд панҷ ширкати амрикоӣ дар ин замина сармоягузорӣ кунанд . Ин сармоягузорӣ беш аз он, ки бо ҳадафи рафъи ниёзи Ироқ ба хусус дар заминаи барқ бошад , бо ҳадафи костан аз воридоти барқи Ироқ аз Эрон хоҳад буд . Ин дар ҳоле аст, ки ҳамакнун низ ширкати амрикоии " Ҷенерал электрик " султаи комил бар барқи Ироқу қарордодҳои он дорад ва ҳануз ироқиҳо аз камбуди шадиди барқ ранҷ мебаранд . Бидуни тардид , агар ҳимояту кӯмакҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар содироти барқ ба Ироқ набуд , ин кишвар дар ин ҳавзаи вазъият ба маротиби вахимтаре дошт .
Бо тавваҷуҳ ба ин шароит , " Ҳозим Ал-Ҷанобӣ" , аз раҳбарони ҷабҳаи наҷоту тавсеаи Ироқ бо ҳушдор дар бораи эҳтимоли натоиҷи маъкуси сафари Мустафои Ал-Козимӣ ба Амрико , гуфт : «ин сафар , намоишӣ аст ва ҳеч суде барои миллати Ироқ нахоҳад дошт .»