Таҳаввулоти Яман
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i568-Таҳаввулоти_Яман
‎Ҷангандаҳои Саудӣ рӯзи ҷумъа, маркази Кумитаи оташбас ва ҳамоҳангии марказӣ дар Яман дар минтақаи Маҷз дар устони Саъдаро ҳадаф қарор доданд, ки дар ин ҳамла, шуморе аз аъзои ин кумита захмӣ шуданд ва мошини устондори Саъда низ оташ гирифт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 23, 2016 21:06 Asia/Dushanbe
  • Таҳаввулоти Яман

‎Ҷангандаҳои Саудӣ рӯзи ҷумъа, маркази Кумитаи оташбас ва ҳамоҳангии марказӣ дар Яман дар минтақаи Маҷз дар устони Саъдаро ҳадаф қарор доданд, ки дар ин ҳамла, шуморе аз аъзои ин кумита захмӣ шуданд ва мошини устондори Саъда низ оташ гирифт.

Кумитаи оташбас ва ҳамоҳангии марказӣ дар Яман, зимни маҳкум кардани ҳамлаи ҷангандаҳои Саудӣ ба Саъда, таҳқиқоти байналмилалиро дар ин замина хостор шуд. Нахустин бор нест, ки ҷангандаҳоиСаудӣ маркази кумитаи оташбасро ҳадаф қарор медиҳанд ва пеш аз ин низ чанд бор ба он ҳамла карданд.

Арабистон бо ҳамкории бархе кишварҳои арабии минтақа ва бо ҳамроҳии Амрико аз 26-и марти 2015 ҳамалоти густардаеро ба Яман оғоз кардааст. Ин дар шароитест, ки эътирозоти ҷаҳонӣ ба ҷиноёти Оли Сауд боис шудааст, ки ҳомиёни ғарбии ин режими вобасгаро низ бо чархиши мавозеи худ ба ноқизи ҳуқуқи башар будани ин режим изъон кунанд, ки ин мавзуъ бозтоби густардае дар расонаҳо доштааст.

Дар ин замина расонаҳои англисӣ, тағйири мавзеи давлати Англия дар қиболи таҳоҷуми маргбори эътилофи Саудӣ алайҳи Яман ва изъони дерҳангом ба ҷиноёти Оли Саудро шармовар тавсиф кардаанд.

Рӯзномаи англисии Телеграф бо ишора ба изҳороти мақомоти Вазорати хориҷаи Англия мабнӣ бар инки эътилофи таҳти амри Арабистон эҳтимолан ҳуқуқи башари дӯстонаи байналмилалиро дар Яман нақз кардааст, мавзеи дерҳангоми Англия дар хусуси ҷиноёти Оли Саудро шармовар донист.

Вазорати хориҷаи Англия 6 ислоҳия бар изҳороти мақомоти ин кишвар дар парлумон, ки авоили соли ҷории 2016 эълом карда буданд, эътилофи Саудӣ ҳуқуқи башари дӯстонаи байналмилалиро нақз накардааст, ворид кард.

Англия дар тӯли ҷанг алайҳи Яман, ки Арабистон онро аз соли 2015 оғоз кард, аз ҳомиёни режими Оли Сауд буд ва созмонҳоибайналмилалӣ борҳо аз кумакҳои миллӣ ва таслеҳотии Лондон ба эътилофи Саудӣ парда бардошта буданд.

Аммо пас аз онки Созмони милал моҳи гузаштаи июни 2016 гузорише мунташир ва ба сурати расмӣ эълом кард, Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман беш аз 500 кӯдакро куштаанд, давлати Англия саъй кард, ба наҳве мавзеи худро тағйир диҳад.

Бар асоси омори расмии Кампини мубориза бо тиҷорати силоҳ, Арабистони Саудӣ бузургтарин харидори таслеҳоти Англия будааст ва аз соли 2010 таҷҳизоте ба арзиши беш аз 6 миллиарду 700 миллион пунд аз ин кишвар дарёфт кардааст.

Ба мувозоти ташдиди ҳамалоти Арабистон ба Яман дар паи оғози музокироти сулҳи Яман хабарҳо аз он ҳикоят дорад, ки коршиканиҳои Арабистон дар масири ҳалли буҳрони Яман танҳо маҳдуд ба арсаҳои майдонӣ нест ва ташдиди коршиканиҳои Арабистон ва муздуронаш дар музокироти сиёсӣ аз иқдомоти муғризонаи Арабистон дар ин арса низ ҳикоят дорад.  

Дар ин чорчуб, раиси ҳайъати Абдурабеҳ Мансур Ҳодӣ, раисҷумҳури мустаъфии Яман мавсум ба Тайфи Риёз зарбулъаҷали ду ҳафтаии Кувайт барои имзои қарордоди сулҳ байни яманиҳоро кофӣ надонист.

Абдулмалик Алмахлофӣ, раиси ҳайъати Тайфи Риёз ва ширкаткунанда дар музокироти сулҳи Яман гуфт: Зарбулъаҷали 15 рӯзае, ки давлати Кувайт барои расидан ба тавофуқ байни тарафҳои Яман таъин кардааст, барои имзои қарордоди ниҳоии сулҳ кофӣ нест.

Холид Ҷоруллоҳ, қоим мақоми Вазорати хориҷаи Кувайт чаҳоршанбе шаб эълом кард, ин кишвар зарбулъаҷали 15 рӯзаеро барои расидан ба тавофуқе ҷомеъ ба ҳайъатҳои ширкаткунанда дар музокироти сулҳи Яман ироа додааст ва дар сурати ба натиҷа нарасидан, Кувайт мизбонии идомаи ин нишастро бар уҳда нахоҳад дошт.

Кувайт аз 21-и апрели 2016 мизбони гурӯҳҳои яманӣ аст, аммо музокироти ҳайъати яманӣ ва ҳайъати вобаста ба Риёз натиҷае надоштааст.

Ҳадафи аслии музокироти Кувайт, иҷмоъ дар бораи ташкили давлати ваҳдати миллӣ дар Яман аст, аммо ҳайъати Риёз бо ташкили чунин давлате мухолифат мекунад.