Истишмоми бӯи хиёнат аз осмони Арабистони саудӣ
Арабистон бо убури ҳавопаймоҳои саҳюнистӣ аз осмони ин кишвар мувофиқат кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, манобеъи саҳюнистӣ пас аз тавофуқ бар сари аввалин парвози тиҷории Исроил ва Аморот эълом карданд, ки Арабистон бо убури ҳавопаймоҳои саҳюнистӣ аз осмони ин кишвар мувофиқат кардааст.
Аввалин парвози тиҷорӣ байни режими саҳюнистӣ ва Аморот қарор аст имрӯз бо истифода аз ҳарими ҳавоии Арабистон анҷом шавад.
Рӯзномаи исроилии Ядиъут Аҳаронот ва хабаргузории Рейтерз ба нақл аз манобеъе, ки номе аз онҳо бурда нашудааст эълом карданд, ки Арабистон тавофуқ кардааст то иҷозаи убури парвози ҳавопаймои режими саҳюнистиро аз фарози ҳарими ҳавоии худ бидиҳад.
Ҳайати амрикоӣ ва саҳюнистӣ бо ин парвоз худро ба Абузабӣ хоҳанд расонд ва бо сарони аморотӣ дидор хоҳанд кард.
Ҷиррод Кушнер, мушовири аршад ва домоди раиси ҷумҳури Амрико ва бархе мақомоти дигари амрикоӣ ҳайати саҳюнистиро ҳамроҳӣ хоҳанд кард.
Миллатҳои мусулмон дар ҳафтаҳои ахир аз ҳар фурсате истифода ва аз иқдоми нангини Аморот дар оддисозии равобит бо Исроил ибрози инзиҷор карданд.