Сентябр 01, 2020 09:08 Asia/Dushanbe
  • Амрико, режими саҳюнистӣ ва Аморот баёнияи созиш содир карданд

Амрико, режими саҳюнистӣ ва Аморот душанбешаб бо интишори баёнияе муштарак, ба тавҷеҳи созиш ва оддисозии равобит миёни Абузабӣ ва Тел-Авив пардохтанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, дар ин баёнияи муштарак иддао шудааст: Муоҳидаи сулҳе, ки миёни кишвари Аморот ва Исроил ва бо ҳимояти Амрико дар 13 августи 2020 имзо шуд, гоме шуҷоъона ба сӯи минтақаи босуботтар ва шукуфотар аст.

Дар ин баёнияи сеҷониба иддао шудааст, ки тавофуқ миёни Аморот ва режими саҳюнистӣ тафаккуре навин барои ҳалли мушкилот ва фурсате таърихӣ барои эҷоди равобити табиӣ фароҳам мекунад.

Ин баёния муддаӣ аст, ки тавофуқ миёни Абузабӣ ва Тел-Авив, тарҳи режими саҳюнистӣ барои илҳоқи бахшҳое аз сарзаминҳои фаластиниёнро мутаваққиф кардааст.

Ин дар ҳоле аст, ки мақомҳои режими саҳюнистӣ пас аз тавофуқ бо Аморот борҳо таъкид карданд, ки илҳоқи заминҳои фаластиниро танҳо ба таъхир андохтаанд.

Ин баёния ҳамчунин бар ҳамкориҳои Аморот ва режими саҳюнистӣ дар заминаҳои гардишгарӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, ҳамлу нақли ҳавоӣ, беҳдоштӣ ва сармоягузорӣ таъкид кардааст.

Дар паи талошҳои Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико барои тасҳили раванди  оддисозии равобит байн Аморот ва режими саҳюнистӣ, панҷшанбе 13 август, Абузабӣ ва Тел-Авив таи тавофуқномае дар бораи оддисозии комили равобити дипломатик ба тавофуқ расиданд.

Иқдоми Аморот барои оддисозии равобит  бо режими саҳюнистӣ бо маҳкумияти бисёре аз кишварҳои исломӣ ва гурӯҳҳои Муқовимати фаластинӣ ҳамроҳ шудааст.

 

Барчасп