Сентябр 02, 2020 17:33 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Созмони Милал аз бакоргирии бомбаҳои мамнӯа алайҳи мардуми Яман

Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, эътилофи мутаҷовизи саудӣ дар ҳамалоти худ ба шаҳри Алҳудайда дар ғарби Яман аз бомбаҳои мамнӯаи хӯшаӣ истифода мекунад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Созмони Милали Муттаҳид дар ин гузориш аз бакоргирии бомбаҳои хӯшаӣ дар Яман тавассути эътилофи мутаҷовизи саудӣ ба шиддат интиқод кардааст.

Истифода аз бомбаҳои хӯшаӣ бар асоси Конвенсияи муҳиммоти хӯшаии мусавваби соли 2008 мамнуъ аст.

Ҷангандаҳои эътилофи мутаҷовизи саудӣ то кунун борҳо аз бомбаҳои хӯшаӣ барои бомбаборони шаҳрҳои Яман истифода кардаанд.

Созмони Афви Байналмилали ахиран ҳушдор дод, вуҷуди бомбаҳои хӯшаии мунфаҷирнашуда дар Яман бархе аз манотиқи ин кишварро ба “майдонҳои мина” табдил кардааст.

Арабистонон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба ҳамлаи низомӣ ба Яман ва муҳосираи ин кишвар кардааст.

Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

 

Барчасп