Сентябр 03, 2020 10:00 Asia/Dushanbe
  • Ҳамос: Режими саҳюнистӣ масъули кушта шудани се кӯдак дар Ғазза аст

Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) чаҳоршанбешаб дар баёнияе режими саҳюнистиро масъули сӯхтан ва кушта шудани се кӯдаки фаластинӣ дар Ғазза донист.

 Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз торнамои рӯзномаи фароминтақаии Алқудс-ул-арабӣ, дар баёнияи матбуотии Ҳамос омадааст: Ҳодисаи ҷон бохтани се кӯдак, ки шомгоҳи сешанбе дар асари оташсӯзӣ дар манзилшон ба далели қатъи барқ ва равшан кардани шамъ рӯй дод, аз ҷумлаи буҳронҳои инсонӣ аст, ки омили он муҳосираи режими Исроил алайҳи сокинони навори Ғазза аст.

 Дар идомаи ин баёния омадааст: Ин фоҷеа  масъулияти ниҳодҳо ва созмонҳои байналмиллалиро барои лағви муҳосирае, ки режими саҳюнистӣ ҳудуди 13 сол бар борикаи Ғазза таҳмил кардааст, афзун мекунад.

 Ниругоҳи тавлиди барқи Ғазза ба муддати ду ҳафта ва ба хотири онки  режими саҳюнистӣ гузаргоҳи тиҷории Карам Абусолимро бо навори Ғазза баста ва аз вуруди сӯзишвории мавриди ниёз барои фаъолияти ин ниругоҳ ҷилавгирӣ мекард, мутаваққиф шуда буд.

 Дар пайи тавофуқи режими саҳюнистӣ ва Ҳамос барои оташбас ва коҳиши таниш бо миёнҷигарии кишвари Қатар, режими саҳюнистӣ рӯзи душанбе гузаргоҳи марзии Карам Абусолимро бозгушоӣ кард ва иҷозаи воридоти сӯзишворӣ ба Ғаззаро дод.

 Бо ин ҳол барқ дар Ғазза бо режими ҳашт соат васл ва ҳашт соат қатъ расонда мешавад.

 

Барчасп