9 кушта дар се таркиш дар Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i57097-9_кушта_дар_се_таркиш_дар_Афғонистон
Cе таркиш(инфиҷор) дар се вилояти Афғонистон 9 кушта барҷо гузошт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 03, 2020 13:40 Asia/Dushanbe
  • 9 кушта дар се таркиш дар Афғонистон

Cе таркиш(инфиҷор) дар се вилояти Афғонистон 9 кушта барҷо гузошт.

 Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Забеҳуллоҳ Амонӣ-сухангӯи вилояти Сарипул имрӯз панҷшанбе гуфт: Дар инфиҷори минаи ҷосозишуда тавассути Толибон дар манзили маскуние дар шаҳристони Сангчорак шаш кӯдак кушта ва ду зан захмӣ шуданд.

Атоуллоҳ Хугёнӣ-сухангӯи вилояти Нангарҳор низ эълом кард: Дар инфиҷори мина канори ҷодае дар шаҳристони Пачир Ав Агам се ғайри низомӣ аз ҷумла як падар ва писар кушта шуданд ва як ғайринизомии дигар захмӣ шуд.

Мақомоти маҳаллии вилояти Ҳилманд низ аз захмӣ шудани чаҳор ғайринизомии афғон бар асари инфиҷори бомба дар бозори шаҳристони Гармсири вилояти Ҳилманд хабар доданд.

Ин инфиҷорҳо дар ҳоле рӯй медиҳад, ки тарафҳои даргир дар ҷанги Афғонистон аз омодагии худ барои оғози музокироти сулҳ хабар медиҳанд.