Хуни беш аз ҳафт ҳазор кӯдаки яманӣ ба гардани Арабистони саудӣ
7 ҳазору 250 кӯдаки яманӣ аз марти 2015 дар ҳамлаҳои эътилофи арабӣ кушта ва захмӣ шудаанд.
Маркази ҳуқуқи башари Яман эълом кард, ки аз марти 2015 беш аз 7 ҳазору 250 кӯдаки яманӣ дар ҳамлаҳои эътилофи арабӣ ба раҳбарии Арабистон кушта ва захмӣ шудаанд ва беш аз панҷу ним миллион кӯдак ба далели муҳосираи кишвар дар маърази хатари бемориҳои кӯдакон қарор доранд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Алмасира, маркази ҳуқуқи башари Яман нахустин гузориши худро бо унвони "Даврони кӯдакӣ бо ранги хун ва ройиҳаи марг" бо меҳварияти ҷиноятҳои эътилофи мутаҷовиз дар ҳаққи кӯдакони яманӣ аз соли 2015 то 2020 мунташир кард.
Дар ин гузориш омадааст: Теъдоди кӯдаконе, ки ба далели ҳамалоти ҳавоии эътилофи мутаҷовиз аз марти 2015 то 2020 кушта шудаанд, ба 3 ҳазору 468 кӯдак мерасад ва 3 ҳазору 804 кӯдак низ дар ин ҳамалот захмӣ шудаанд.
Созмони Миллал номи эътилофи мутаҷовизи таҳти амри Арабистонро ахиран аз феҳристи режимҳои кӯдаккуши мавсум ба " Феҳристи нанг" бардоштааст.