Сентябр 12, 2020 10:16 Asia/Dushanbe
  • Вокунишҳои минтақаӣ ба хиёнати давлати Баҳрайн ба ҷаҳони ислом

Иқдоми режими Оли халифа дар Баҳрайн дар оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ бо вокунишҳои густурдае дар ҷаҳони ислом рӯ ба рӯ шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз расонаҳои минтақаӣ, Вазорати умури хориҷаи Туркия бомдоди шанбе бо судури баёнияе оддисозии равобити Баҳрайн бо режими саҳюнистиро маҳкум ва таъкид кард: Ин иқдом, Исроилро ба идомаи равияҳои номшруъ дар қиболи Фаластин ва талошҳояш барои доимӣ кардани ишғоли арозии фаластинӣ тарғиб хоҳад кард.

Вазири умури хориҷаи Урдун ҳам бо маҳкумияти ин иқдом, шарти сулҳи одилона ва фарогирро поёни ишғолгарии саҳюнистҳо ва ташкили кишвари мустақили фаластинӣ ба пойтахтии Қудси шариф дониста ва гуфтааст: Ҳеҷ сулҳи одилона ва амният ва суботи фарогире вуҷуд нахоҳад дошт магар ин ки ҳамаи ҳуқуқи машрӯъи мардуми Фаластин ба даст ояд, ки муҳимтарини онҳо ҳаққи озодӣ ва ҳаққи доштани кишваре мустақил ва дорои ҳокимият бар тамоми қаламрави миллии Фаластин аст.

Дафтари сиёсии Ансоруллоҳи Яман низ бо таъкид бар ин ки режимҳои созишгар бо саҳюнистҳо, намояндаи миллатҳояшон нестанд эълом кард: Режими Баҳрайн аз ҷумла режимҳои сарсупурдаи Амрико ва Исроил аст, ки пайвастани алании худро ба қатори оддисозии равобит эълом кардааст.

Ҷамъияти амали исломии Баҳрайн низ ин тавофуқро ҷиноят ва бузургтарин таҳдид барои амнияти минтақа дониста ва эълом кардааст режими саҳюунистӣ ва режими Оли халифа дар саркӯбгарӣ ва нобудӣ, ҷаъли таърих ва бакоргирии терроризм ваҷҳи ташобуҳ доранд.

Ташкилоти худгардони Фаластин ҳам ҷумъашаб дар эътироз ба иқдоми хиёнатомези режими Оли халифа дар оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ, сафири Фаластинро аз Манома фарохонд.

Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин "Ҳамос" низ бо маҳкум кардани ин иқдоми режими Оли халифа таъкид кард: Тавофуқи Баҳрайн ва Исроил бар сари оддисозии равобити исроре аст бар иҷрои бандҳои муомилаи қарн, ки ба думболи нобудии ормони Фаластин аст.

Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин ҳам ин тавофуқро нишондиҳандаи сарсупурдагии режими Баҳрайн ба Амрико дониста ва эълом кардааст, ки шоҳи Баҳрайн ва давлаташ тибқи дастуроти амрикоиҳо амал мекунанд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ҷумъашаб дар Твиттер эълом кард: Баҳрайн ва Исроил бар сари оддисозии комили равобит ба тавофуқ расидаанд.

13 август низ дар паи талошҳои Трамп барои тасҳили раванди оддисозии равобити режимҳои арабӣ бо режими саҳюнистӣ, Аморот ва Исроил бар сари оддисозии комили равобити дипломатик ба тавофуқ расиданд.

 

Барчасп