Тазоҳуроти мардуми Баҳрайн дар мухолифат бо оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ
Сентябр 13, 2020 12:43 Asia/Dushanbe
Мардуми Баҳрайн бо вуҷуди истиқрори нерӯҳои амниятӣ дар хиёбонҳо бо баргузории тазоҳурот, мухолифати худро бо оддисозии равобити ҳуккоми Оли Халифа бо режими саҳюнистӣ эълом карданд.
Ба гузориши шабакаи Ал Манор, ширкаткунандагон дар ин тазоҳурот бар истодагӣ дар канори миллати Фаластин ба манзури бозпасгирии ҳуқуқи худ таъкид карданд.
Мӯътаризони баҳрайнӣ ҳамчунин шиори «марг бар Исроил» ва «марг бар Амрико» сар дода ва парчами Амрико ва режими саҳюнистиро лагадмол карданд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ҷумъашаб аз оддисозии равобит миёни Баҳрайн ва режими саҳюнистӣ хабар дод.
Барчасп