Саркӯби тазоҳуроти ҳимоят аз Фаластин дар Баҳрайн
Раиси анҷумани ҳуқуқи башари Баҳрайн бо интиқод аз созиши масъулони ин кишвар бо режими саҳюнистӣ , эълом кард режими Оли Халифа ҳатто тазоҳуроти ҳимоят аз Фаластинро саркӯб мекунад .
Ба гузориши пойгоҳи итилоърасонии Ал-Вифоқ, «Боқир Дарвеш », раиси анҷумани ҳуқуқи башари Баҳрайн гуфт : аз солҳои пеш баргузории тазоҳурот дар Баҳрайн мамнӯъ аст ва мардуми ин кишвар иҷоза надоранд ҳатто бо вуҷуди эъломи тасмим ба баргузории эътирозот, ба таври аланӣ тазоҳурот кунанд .Дарвеш тасреҳ кард , дар Баҳрайн на фақат тазоҳуроти мусолиматомез, балки ҳар гуна тазоҳурот дар ҳимоят аз мардуми Фаластин низ тавассути нерӯҳои амниятии режими Оли Халифа саркӯб мешавад .Баҳрайн ба ҳамроҳи Иморот сешанбеи гузашта ( 15 сентябр ) дар Кохи сафед тавофуқи созиш бо режими саҳюнистиро имзо кард . Дар ин маросим , Доналд Трамп , раисҷумҳури Амрико ба ҳамроҳи Бинямин Натаняҳу , нахуствазири режими саҳюнистӣ ва вузарои хориҷаи Иморот ва Баҳрайн ҳузур доштанд .