Сентябр 20, 2020 19:15 Asia/Dushanbe
  • Фош шудани омили аслии террори шаҳид

Расонаҳои саҳюнистӣ номи як мақоми баландпояи созмони ҷосусии Моссадро, ки дар куштори Имод Муғния, фармондеҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон дар Сурия нақши калидӣ доштааст, ифшо карданд.

Ба гузориши рӯзи якшанбе Ал-маёдин, вебсайти ибризабони "Тикун Авлам", ки гоҳ-гоҳ сирри амнияти режими саҳюнистиро ифшо мекунад, эълом кард, ки раҳбари амалиёти суиқасд "Шаҳид Имод Муғния" шахсе бо номи "Навам Эйрс" аст, ки ҳоло мудири кулли як ширкати интернетӣ аст. 

Ин вебгоҳи ибризабон  афзуд , террори «Муғния » тайи амалиёти муштараки Мосад ва Созмони иттилооти марказии Амрико  (СИЁ) анҷом шуд ва « Эйрс» ,ки дар они замон дар созмони ҷосусии режими саҳюнистӣ кор мекард вазифаи сохти бомбаи ин террорро бар ӯҳда  дошт.
«Имод Фоиз Муғния » аз фармондеҳони низомии Ҳизбуллоҳи Лубнон буд, ки дар 12 феврали 2008 дар инфиҷоре дар «Димишқ» поӣтахти Сурия ба шаҳодат  расид.
 Ҳизбуллоҳи Лубнон, Исроилро масъули террори ин мақоми аршади низомии Ҳизбуллоҳ донист .

Барчасп