Боздошти шоири баҳрайнӣ ба ҷурми мухолифат бо тавофуқи созиш бо режими саҳюнистӣ
(last modified 2020-09-26T06:01:35+00:00 )
Сентябр 26, 2020 11:01 Asia/Dushanbe
  • Боздошти шоири баҳрайнӣ ба ҷурми мухолифат бо тавофуқи созиш бо режими саҳюнистӣ

Мақомоти баҳрайнӣ шоиреро ба далели сурудани шеъре дар интиқод аз оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ боздошт карданд.

Ба гузориши Ал Олам, ин шоири баҳрайнӣ дар шеъри худ ба созиши кишвараш бо режими ишғолгари Қудс эътироз карда ва гуфтааст: «Таоруфе намекунам. Имрӯз инро мегӯем, бигузоред ҳама онро бишнаванд: Мардуми мо мардуме аст, ки ҳамвора аз мазлум ҳимоят карда ва касе наметавонад онҳоро таслим кунад».

Расонаҳои Баҳрайн навиштанд, ки мақомоти қазоии ин кишвар Абдулҳусайн Аҳмад Алиро баъд аз чанд рӯз аз сурудани ин шеър боздошт ва зиндонӣ кардаанд.

Дар шеъри ин шоири баҳрайнӣ омада аст: «Ному, шараф ва аҷдоди баҳрайниам розӣ намешаванд, ки бо ҷинояткор ва золим байат кунанд, баҳрайне, ки мояи мубоҳот ва сарбаландӣ буда, имрӯз бо ҳақир чоназанӣ намекунад. Миллати мо бо яҳӯди саҳюнист, ки кишваре (Фаластин) ва ҳарами илоҳӣ (Қудс)-ро ишғол кардааст, оддисозӣ намекунад. Касе, ки садои манро мешунавӣ, хуб бишинав, ба Худо қасам, оддисозӣ ҳаром аст ва ин таҳрим, таҳрими илоҳӣ аст».

Доналд Трамп, Бенямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, Абдуллоҳ бин Зоид, вазири хориҷаи Иморот ва  Абдуллатиф бин Рошид ал Зиёнӣ, вазири хориҷаи Баҳрайн 10 рӯз пеш дар маросиме дар Кохи Сафед тавофуқи оддисозии равобит миёни режи саҳюнистӣ бо Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Баҳрайнро имзо карданд.

 

Барчасп