Сентябр 28, 2020 18:51 Asia/Dushanbe
  • Созмони Милал; ҷанги Яманро хотима диҳед

Сухангӯи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид созишномаи табодули зиндониён байни ҳукумати Санъо ва ҳукумати истеъфоёфтаи Яманро истиқбол карда, ба зарурати хотима додан ба ҷанг дар ин кишвари арабӣ таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс," "Стивен Дюжаррик", сухангӯи дабири кулли СММ Антонио Гутерреш рӯзи душанбе гуфт: "Гутерреш созишномаи байни ҷонибҳои марбут ба Яманро дар мавриди фавран озод кардани 1081 маҳбусро истиқбол мекунад."
Сухангӯи  Гутерреш ҳамчунин аз ҳамаи тарафҳои даргир дар Яман  хост то бо " Мартин Грифитс" намояндаи вижаи дабирикулли Созмони милал дар умури Яман барои дар пеш гирифтани тадобири иқтисодӣ ва инсонӣ ва азсаргирии раванди сиёсии фарогир ба манзур поён додан ба ҷанг ҳамкорӣ кунанд .
Ҳукумати истеъфои Яман бо ҳимояти Арабистони Саудӣ ва ҳукумати наҷоти миллии Яман дар музокироти ахири Монтре дар бораи табодули маҳбусон ба мувофиқа расиданд ва қарор аст музокирот моҳи октябри соли оянда барои анҷоми муомила аз сар гирифта шавад.
Парвандаи мубодилаи асирон  яке аз мавзӯъоти асосӣ дар гуфтугӯҳои Яманӣ - Яманӣ аст, ки талошҳо дар ин замина ҳамвора ба далели коршиканиҳои Арабистон ноком будааст .
 Арабистонон бо ҳимояти Амрико , Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи Низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст. Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз шонздаҳ  ҳазор Яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо Яманӣ мунҷар шудааст .

Барчасп