Октябр 06, 2020 12:08 Asia/Dushanbe
  • Ду дидгоҳ дар бораи таҳаввулоти амниятии Ироқ

Ироқ дар ҳафтаҳои ахир шоҳиди ҳамалоти мукаррар ба сафоратхонаҳои Амрико ва ҳамчунин ҳамалоти Вашингтон алайҳи нерӯҳои басиҷии мардуми Ироқ (Ҳашдушаъбӣ) буд.

Дар бораи таҳаввулоти амниятии ҳафтаҳои ахир дар Ироқ ду дидгоҳ вуҷӯд дорад.

Дидгоҳи нахуст ин аст, ки бархе гурӯҳҳои тозатаъсис, ки зермаҷмӯаи Ҳашдушаъбӣ ҳастанд, ҳамалот алайҳи сафорати Амрикоро анҷом медиҳан‌д. Иллати ин дидгоҳ низ ин аст, ки Амрико сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ ва Абӯ Маҳдӣ ал Муҳандисро дар Ироқ террор кард ва ба шаҳодат расонад.

Аз яксӯ Эрон хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз Ироқро интиқоми террор медонад ва аз сӯи дигар гурӯҳҳои муқовимати ироқӣ низ иқдоми Амрикоро нақзи фоҳиши ҳокимияти Ироқ медонанд ва бар ихроҷи низомиёни Амрико таъкид доранд.

Бо тавваҷӯҳ ба ин шароит, бархе унвон мекунанд, ҳамалот алайҳи пойгоҳҳои низомӣ ва сафорати Амрико аз сӯи гурӯҳҳои муқовимат анҷом мешавад то бо афзоиши таҳдид, Амрикоро ба хориҷ кардани низомиёнаш аз Ироқ маҷбӯр кунанд. Ин дидгоҳ дар баданаи давлати Ироқ низ тарафдороне дорад.

Бар ҳамин асос, Фуод Ҳусайн, вазири хориҷаи Ироқ ахиран бо сафар ба Теҳрон, аз Ҷумҳурии исломӣ хост то гурӯҳҳои наздик ба худ дар Ироқро муҷоб кунад ба ҳамалоти алайҳи Амрико поён диҳанд, аммо Теҳрони зимни радди ин дидгоҳ, эълом кард, дар умури дохилии Ироқ дахолат намекунад.

Дидгоҳи дуввум ин аст, ки асосан ончӣ дар Ироқ мегузарад ва ҳамалоте, ки алайҳи амокини диплумотии дигар кишварҳо анҷом мешавад, аз сӯи нуфӯзӣҳо ва муздӯрони Амрико аст. Тарафдорони ин дидгоҳ унвон мекунанд, Амрико дунболи баҳонае барои идомаи ҳузури ғайриқонӯнии худ дар Ироқ ва нодида гирифтани мусаввабаи порлумон ва мутолибаи бахши зиёде аз мардуми ин кишвар барои хориҷ кардани низомиёнаш аз Ироқ аст.

Дар ҳамин ҳол, ҳомиёни ин дидгоҳ унвон мекунанд, муздӯрони дохилии Амрико ин ҳамалотро анҷом медиҳанд то аз як сӯи ҷойгоҳи гурӯҳҳои муқовиматро назди мардуми Ироқ мутазалзил карда ва чеҳраи бозигари ноамнкунанда аз ин гурӯҳҳо нишон диҳанд ва аз сӯи дигар миёни давлати кунӯнии Ироқ ва гурӯҳҳои муқовимат шикоф эҷод ва онро тақвият кунанд. Дар ҳамин росто низ иддаоҳое дар хусӯси кудатои низомиёни вобаста ба гурӯҳҳои муқовимат алайҳи давлати Мустафо Ал Козимӣ матраҳ шудааст.

Козим Ал Фартусӣ, сухангӯи гурдонҳои Саидулшуҳадо вобаста ба созмони Ҳашдушаъбии Ироқ дар ин хусӯс гуфт, далоиле вуҷӯд дорад, ки собит мекунад сафорати Амрико дар Ироқ аз тариқи муздӯрони худ, ҳамалоти ракетӣ алайҳи амокини диплумотӣ аз ҷумла сафорати худи Амрикоро анҷом медиҳад, чаро ки Амрико дар пайи барҳам задани вазъияти Ироқ ва таҳти таъсир қарор додани афкори умумии ин кишвар аст.

Абуалӣ Ал Басрӣ, муовини амалиётии раиси ситоди Ҳашдушаъбӣ низ бо ишора ба инки ҳамалоти мушакӣ ба бархе пойгоҳҳо ва амокин дар Бағдод баҳонае барои идомаи ҳузури ғайриқонӯнии низомиёни Амрико дар Ироқ аст, таъкид кард, Ҳашдушаъбӣ ба унвони як нерӯи расмӣ, ки таҳти амри фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ қарор дорад, ба ҳеч ваҷҳ дар ҳамла ба сафоратхонахоҳо нақше надорад ва барои он барномарезӣ накардааст.

Нуктаи поёнӣ инки агарчӣ гурӯҳҳои муқовимат аз ҳузури низомиёни амрикоӣ дар Ироқ ризоят надоранд ва онро нақзи ҳокимияти ин кишвар медонанд ва ҳамалоте алайҳи пойгоҳҳои низомии Амрико дар Ироқ анҷом додаанд, аммо ин гурӯҳҳо ҳамалот алайҳи амокини диплумотиро рад карданд. Ба назар мерасад, ончӣ акнӯн дар Ироқ ҷараён дорад бо ҳадафи тахриби чеҳраи гурӯҳҳои муқовимат ва таъсиргузорӣ бар интихоботи порлумонии июни 2021 дар ин кишвар аст.

 

Барчасп