Октябр 13, 2016 19:43 Asia/Dushanbe
  • Мудирияти матлуби Ироқ дар баргузории маросими Тосуо ва Ошӯрои ҳусайнӣ

Бо вуҷуди ҳузури гурӯҳҳои террористӣ дар манотиқи мухталифи Ироқ, ойинҳои вижаи солгарди шаҳодати ҳазрати Имом Ҳусайн (а) ва ёрони бовафои он ҳазрат, бо ҳузури миллионии зоирон дар Карбалои муалло баргузор шуд.

Рӯзи нуҳум ва даҳуми Муҳаррам ва Арбаини шаҳодати Имом Ҳусайн (а) аз муҳимтарин муносибатҳои динии мусулмонон аст, ки ҳар сол миллионҳо зоир аз Ироқ ва кишварҳои дигар дар қолаби корвонҳо ва ҳайатҳо барои бузургдошти ин рӯз озими Карбалои муалло мешаванд.

Баргузории ойинҳои вижаи Тосуо ва Ошӯрои ҳусайнӣ дар шаҳри Карбалои Ироқ тайи рӯзҳои сешанбе ва чаҳоршанбе, бо таваҷҷуҳ ба ҳузури ҳудуд 5 миллион зоири ироқӣ ва ғайриироқӣ, он ҳам бидуни бурузи ҳаводиси амниятӣ, нишон аз тавонмандии нерӯҳои Ироқ  бо вуҷуди таҳдидоти гурӯҳи террористӣ ва такфирии ДИИШ дар ин кишвар аст.

Артиш ва полиси Ироқ пештар эълом карда буд, бо рӯйи даст гирифтани тадобири амниятии виижа ва бакоргирии 30 ҳазор нерӯи полис, ҳаракати зоирон аз оғози вуруд дар марзҳо ва шаҳрҳои мухталиф ба Карбалоро зери назар гирифтааст.

Ба гуфтаи масъулони амниятии Ироқ, дар маросими солгарди шаҳодати ҳазрати Имом Ҳусайн, илова бар нерӯҳои артиш ва полис, беш аз 2000 тан аз нерӯҳои басиҷи мардумӣ (Алҳашд -аш -шаъбӣ) низ бо истиқрор дар маконҳои вурудии ғарби шаҳри Карбало, ки дар муҷовирати устони ноороми Аланбор қарор дорад, бар тараддуди зоирон ба ин шаҳр назорат доранд.

Бахшҳои зиёде аз устони Аланбор, ки ҳанӯз дар тасарруфи террористҳои ДИИШ аст, дар ғарби Карбало қарор дорад. Бо ин ҳол ба далели ҳузури густурда ва огоҳонаи нерӯҳои басиҷи мардумӣ, тахаллуфи амнияти хосе дар чанд рӯзи гузашта дар ин манотиқ гузориш нашудааст.

Истифода аз нерӯҳои мардумӣ, нерӯҳои зан, нерӯҳои махфӣ, паҳподҳои вижа, таҷҳизоти шиносоии бомба ва маводи мунфаҷира, омодагии амалиёти имсоли нерӯҳои Ироқ барои назорати баргузории маросими даҳаи аввали Муҳаррами имсол, ба вижа солрӯзи шаҳодати ҳазрати Имом Ҳусайн (а) ва ёрони он ҳазрат дар Тосуо ва Ошурои ҳусайнӣ буд.

Ҳарчанд маъмурияти нерӯҳои артиш, полис ва мардуми Ироқ барои муҳофизат аз зоирон то чанд рӯзи оянда ва бозгашти ҳамаи зоирони ироқӣ ва хориҷӣ ба шаҳрҳо ва кишварҳои худ идома дорад, аммо контроли авзои маросим, ҳамагӣ нишонаи ҳамкории дақиқи нерӯҳои ироқӣ ва муваффақияти давлат дар идора ва баргузории ин маросим аст.

Маросими Тосуо ва Ошӯрои ҳусайнӣ имсол бо ҳузури миллионҳо зоир дар ҳоле бо оромиш дар Ироқ баргузор шуд, ки ин кишвар бо хатари гурӯҳҳои террористӣ рӯбарӯст ва бахшҳои васее аз хоки ин кишвар ба далели ҳузури гурӯҳҳои террористӣ ишғол шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки кишвари Арабистон, ки ба унвони як кишвари босубот муаррифӣ мешавад ва худро ходими Ҳарамайни Шарифайн медонад, ҳеҷгоҳ натавониста ҳузури ду миллион зоирро дар маносики ҳаҷ мудирият кунад. Ба тавре, ки дар маросими ҳаҷҷи порсол ҳазорон зоири Байтуллоҳилҳаром, аз ҷумла садҳо зоири эронӣ ба иллати бетадбирии Оли Сауд бар асари суқути болобари сохтмонӣ дар Макка ва ҳамчунин ҳодисаи издиҳом дар Мино ҷони худро аз даст доданд.