Ноябр 24, 2020 08:09 Asia/Dushanbe
  • ҳамлаи мушакӣ ба Оромко ҳамзамон бо сафари Помпео ба Арабистон
    ҳамлаи мушакӣ ба Оромко ҳамзамон бо сафари Помпео ба Арабистон

Ягони мушакии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман субҳи дируз душанбе ба таъсисоти нафтии ширкати Оромко дар Ҷидда ҳамла карданд.

Ин нахустин бор нест, ки таъсисоти нафтии Оромко ҳадафи ҳамалоти мушакии артиш ва кумитеҳои мардумии Яман қарор мегирад. Сентябри 2019 таъсисоти Оромко дар Бақиқ ва Харис ҳадафи ҳамалот қарор гирифт ва хисорати иқтисодии сангине ба Арабистони Саудӣ таҳмил шуд.

Ҳамалоти рузи гузашта ба истгоҳи тавзеъи нафти Оромко дар Ҷидда чанд шохисаи муҳим дошт.

Нахустин шохиса ин буд, ки ин ҳамалот бо сафари Майк Помпео, вазири хориҷаи Амрико ба Арабистон ҳамзамон шуд. Агарчӣ Бинёмин Натаняҳу дар бораи сафар ба Арабистон сукут кард, аммо ағлаби манобеи хабарӣ сафари нахуствазири Исроил ба Арабистонро низ таъйид карданд. Ба иборате ҳамлаи мушакӣ ба Оромко бо сафари Натаняҳу ба Арабистони Саудӣ низ ҳамзамон буд. Бинобар ин, ин ҳамла иқдом аз мавзеи қудрат ва ҳушдор ба Арабистону Исроил дар минтақаи ғарби Осиё буд.

Дувумин шохиса, навъи мушаки бакор гирифта шуда дар ин ҳамла буд. Яҳёи Сареъ, сухангуи артиши Яман гуфт, дар ин ҳамла аз мушаки “Қудс 2” истифода шудааст. Яҳё таъкид кард, ин мушак насли ҷадид аз мушакҳои болдор аст, ки тавассути ягони мушакии Яман тавлид ва пас аз амалиётҳои муваффақ дар умқи Арабистони Саудӣ, ки эълом нашуда буд, амалиётӣ шудааст. Бинобар ин дар ҳамла ба таъсисоти Оромко аз мушаки ҷадиди яманиҳо рунамоӣ шудааст.

Сеюмин шохиса ин аст, ки фосилаи Ҷидда ва марзҳои Яман беш аз 650 километр аст. Осмони Арабистон бо системаи зиддимушакии пешрафтаи Патриоти Амрико муҳофизат мешавад. Ба иборати дигар, мушаки Қудс 2 аз технологияи пешрафтае бархӯрдор аст, ки эҳтимоли раҳгирӣ ва инҳидоми онро тазъиф мекунад. Ба ин лиҳоз, ҳамлаи мушакӣ ба таъсисоти Оромко дар Ҷидда ҳам як дастоварди муҳим барои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ва ҳам як ҳушдор барои Арабистон аст, чаро ки нишон медиҳад, қобилияти анҷоми ҳамалоти бештар аз сӯи яманиҳо вуҷуд дорад.

Чаҳорумин шохиса, ҳамлаи рӯзи гузашта ба таъсисоти Оромко ин буд, ки ин ҳамлаи мушакӣ танҳо ду рӯз пас аз озодсозии пойгоҳи Мосс дар Мариб анҷом шудааст. Дар воқеъ, ин ҳамла дувумин силии муҳками артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ба эътилофи саъудӣ тайи танҳо ду рӯз буд. Дар айни ҳол, ҳамзамонии ин ҳамла бо озодсозии пойгоҳи роҳбурдии Мосс собит кард, артишу кумитаҳои мардумии Яман тавони ҳамалоти чандҷонибаро ба таври ҳамзамон дорад ва ин як пешрафти муҳим барои яманиҳо маҳсуб мешавад.

Панҷумин шохиса, буъди дифоии ин ҳамла буд. Ҳамалоти рӯзи гузашта ба таъсисоти Оромко дар вокуниш ба тадовуми ҳамалоти эътилофи саъудӣ алайҳи Яман ва ҳамчунин тадовуми иқдомоти ғайриинсонӣ, он аз ҷумла мамониат аз паҳлугирии нафткаш ва киштиҳои ҳомили сухт дар банодири Давлати наҷоти миллии Яман анҷом шуд. Ҷумбиши Ансоруллоҳ рӯзи 11 ноябри 2020 Арабистонро ба ҳамалоти густарда тайи рӯзҳои оянда ва дар посух ба идомаи таътилии фурудгоҳҳо ва банодир таҳдид карда буд. Озодсозии пойгоҳи Мосс ва ҳамлаи мушакӣ ба таъсисоти Оромко дар Ҷидда, амалиётӣ кардани ин ҳушдор буд.

Нуктаи поёнӣ ин ки озодсозии пойгоҳи Мосс ва ҳамлаи мушакӣ ба таъсисоти Оромко дар Ҷидда бори дигар собит кард, қудрати боздорандагии артиш ва кумитаҳои мардумӣ ҳамчунон дар ҳоли афзоиш аст ва ин мавзӯ тавозуни қудрат дар саҳнаи майдонии ҷангро бозҳам тағйир ме‌диҳад.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп