Декабр 01, 2020 17:47 Asia/Dushanbe
  • Ҳар донишманди мусалмоне, ки ҳадафи ҳамла қарор гирад, тамоми уммати исломӣ зарар мебинад
    Ҳар донишманди мусалмоне, ки ҳадафи ҳамла қарор гирад, тамоми уммати исломӣ зарар мебинад

Намояндаи давлати саудӣ дар Созмони Милал бо баёни ин ки Риёз сиёсати террорро таъйид намекунад гуфт,ки Эрон набояд бо террори донишманди ҳастаии худ эҳсосӣ бархурд кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, намояндаи Арабистони Саудӣ дар Созмони милал Абдулло Ал-Муаллимӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи Русия Ал-Явм муддаӣ шуд, ки Риёз ба ҳеҷ ваҷҳ сиёсати терорро қабул надорад. 

"Ҳар донишманди мусалмоне, ки мавриди ҳамла қарор мегирад,  тамоми уммати мусалмон зарар мебинад" илова кард ӯ.

Ал-Муаллим бо худдорӣ аз маҳкумияти ин иқдоми террористӣ аз эрон хост то хештандорӣ кунад ва иқдоме анҷом надиҳад, зеро вокуниши отифӣ натиҷаи мусбате нахоҳад дошт.

Ин дипломати саудӣ тарҳи Эрон барои афзоиши ғанисозӣ дар посух ба террори шаҳид Фахризодаро "ғайримасъулона" тавсиф кард ва гуфт: "Аз Эрон мехоҳем то ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳусни нияти худро дар хусуси барномаи ҳастаӣ собит кунад то ин гуна фарзандону донишмандони худро дар маърази хатар қарор надиҳад."

Вай дар идомаи иддаоҳои воҳии дигари мақомоти саудӣ афзуд: "Давлати Риёз ҳамвора барои оштӣ ва сулҳ дар минтақа талош кардааст, аммо тарафи муқобил (Эрон бо иқдомоти мухриби худ ва ирсоли силоҳ ва мушак ба муттаҳидонаш монеъи ба самар нишастани ин талошҳо шудааст.

Вазорати хориҷаи саудӣ токунун дар хусуси террори шаҳид Фахризода ҳеҷ мавзее нагирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, тамоми давлатҳои Халиҷи Араб, аз ҷумла Кувайт, Баҳрайн, АМА, Қатар ва Уммон дар изҳоротҳо террорро расман маҳкум карданд.

Муҳсин Фахризода, раҳбари Созмони пажӯҳиш ва навовариҳои вазорати дифоъ, шоми ҷумъаи гузашта дар як амали террористӣ ба шаҳодат расид.

 

Бештар бихонед:

Барчасп