Декабр 15, 2020 09:48 Asia/Dushanbe
  • Исроил бори дигар Навори Ғаззаро ҳадаф қарор дод
    Исроил бори дигар Навори Ғаззаро ҳадаф қарор дод

Режими саҳюнистӣ бомдоди сешанбе дубора навори Ғаззаро ҳадаф қарор дод.

Хабаргузории Анатолии Туркия эълом кард, тӯпхонаи режими саҳюнистӣ минтақаи Ҷуҳор ад- Дик воқеъ дар маркази навори Ғаззаро ҳадаф қарор додааст.

Дар ин ҳамла, як манзили маскунӣ осеб дид.

Ҷангадаҳо, болгардҳо, паҳподҳо, танкҳо ва тӯпхонаҳои режими саҳюнистӣ дар моҳҳои ахир борҳо манотиқи мухталифи навори Ғаззаро ҳадаф қарор додаанд.

Режими саҳюнистӣ аз декабри соли 2017 даври ҷадиди ҳамалоти ҳавоӣ ба навори Ғаззаро дар дастури кории худ қарор додааст.

Дар ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза то кунун ҳазорон фаластинӣ шаҳид ва захмӣ шудаанд.

Навори Ғазза аз соли 2006 таҳти муҳосираи заминӣ, ҳавоӣ ва дарёии Исроил қарор дорад ва сокинони ин навор бо мушкилоти бисёре рубарӯ ҳастанд.

Бештар бихонед: 

Барчасп