Октябр 15, 2016 18:22 Asia/Dushanbe
  • Посухи муборизони яманӣ ба ҷиноёт ва ҳамалоти Арабистон

Тӯпхонаи артиш ва кумитаҳои мардумии Яман, мавозеи низомии артиши Арабистонро дар ҷануби ин кишвар ҳадаф қарор доданд.

Ба гузориши шабакаи хабарии Алмасираи Яман, тӯпхонаҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ҷумъа‌шаб, "Бурҷи Алдухон"-и артиши Арабистонро дар Ҷизон-ҷануби ин кишвар дарҳам кубид, ки бар асари он шуморе аз низомиёни саудӣ кушта ва захмӣ шуданд.

Нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман, ҳамчунин асри рӯзи ҷумъа як низомии Арабистониро дар Ҷизон ба ҳалокат расонданд.

Дар ҳамин ҳол, Ситоди иттилорасонии ҷанги Яман, рӯзи шанбе эълом кард, артиш ва кумитаҳои мардумии яманӣ рӯзи ҷумъа, амалиёти вижае зидди гурӯҳе аз муздурони арабистонӣ дар гузаргоҳи марзӣ дар шимоли Яман анҷом доданд, ки бар асари он беш аз 40 муздури арабистонӣ ба ҳалокат расиданд.

Шабакаи телевизионии ал-Олам ҳам гузориш дод, ҷангандаҳои Саудӣ дишаб ( ҷумъа) ҳашт бор устони Санъо-пойтахти Яманро бомбаборон карданд.

Артиши мутаҷовизи Арабистон ҳамчунин манотиқи мухталифи шаҳристони Манбаҳи устони Саъда, дар шимоли Яманро бо тӯпхона ва мӯшак ҳадаф қарор дод.