Январ 03, 2021 12:57 Asia/Dushanbe
  • Гардишгарони исроилӣ барои хушгузаронӣ дар айёми таътилоти Соли нав ба Иморот маводи мухаддир мебаранд
    Гардишгарони исроилӣ барои хушгузаронӣ дар айёми таътилоти Соли нав ба Иморот маводи мухаддир мебаранд

Рӯзномаи “Yeni Şafak”-и Туркия аз табдил шудани Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба маҳали айшу ишрати хушгузаронии гардишгарони саҳюнист хабар дод.

Рӯзномаи “Yeni Şafak” навишт, гардишгарони исроилӣ, ки худро дар Иморот дорои масӯният эҳсос мекунанд, ба ҳар коре даст мезананд.

Бо вуҷуди инки тибқи қавонини Имороти Муттаҳидаи Арабӣ муҷозот дар ихтиёр доштани маводи мухаддир дар ин кишвар эъдом аст, гардишгарони исролӣ бо эҳсоси масуният Марихуана ва соири маводи мухаддирро барои хушгузаронӣ дар айёми таътилоти Соли нави милодӣ ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бурда ва дар меҳмонхонаҳои Дубай айшу ишрат мекунанд.

Озодии амали гардишгарон бебандубории исроилӣ дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ пас аз имзои тавофуқ барои оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ маҳор гусехта шудааст.

Дар ҳафтаҳои ахир ахборе аз иқдоми гардишгарони исроилӣ дар дуздии лавозими меҳмонхонаҳои Дубай мунташир шуда буд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Барчасп