Октябр 16, 2016 17:35 Asia/Dushanbe
  • Ҳамалоти хумпораии террористҳо ба Ҳалаби Сурия

Ҳамлаи хумпораии террористҳо ба шаҳри Ҳалаби Сурия 2 кушта ва 16 захмӣ барҷой гузошт.

Ба гузориши шабакаи "Алолам", дар ҳамалоти хумпораии рӯзи якшанбеи гурӯҳҳои террористӣ ба минтақаи Алҳамидия, дар шаҳри Ҳалаб, шимоли Сурия, ду нафар кушта ва 16 нафар захмӣ шуданд.

Аз сӯйи дигар, дар ҳамалоти артиши Сурия ва нерӯҳои муқовимат ба мавозеи террористҳо дар манотиқи шимолу ғарби Ҳалаб, 29 террорист ба ҳалокат расиданд ва 37 нафар захмӣ шуданд.

Ҳамчунин амалиёти артиши Сурия дар устони Даръо, ҷануби Сурия теъдоде аз истеҳкомоту мақарри террористҳо дар шимолу ғарби гумруки қадимӣ мунҳадим шуд.

Дар ғарби Сурия низ маҳалли таҷаммуи террористҳо ҳадафи ҳамалоти нерӯҳои сурӣ қарор гирифт, ки бар асари он шуморе аз террористҳо ба ҳалокат расиданд.

Нерӯҳои артиши Сурия мақарри террористҳои Ҷабҳаи Аннусра (Фатҳушшом) дар наздикии Ҳумс, ғарби Сурияро ҳам ҳадафи ҳамалоти худ қарор доданд, ки дар ин ҳамалот шуморе аз террористҳо ба ҳалокат расиданд.