Муҳлати семоҳаи Ватсап ба шаҳрвандони Туркия
(last modified Sat, 16 Jan 2021 14:39:23 GMT )
Январ 16, 2021 19:39 Asia/Dushanbe

Шабакаи паёмрасони Ватсап бастани ҳисоби корбарии корброне, ки қарордоди иштирокгузории иттилооти мавҷуди ин шабакаро имзо накардаанд, ба моҳи май андохт.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон , шабакаи паёмрасони Ватсап ба дунбол аз даст додан миллионҳо корбар дар Туркия ва вокунишҳои мардумиву давлатӣ , эълом кард муҳлати қабули қарордоди иштирокгузории иттилоотро аз моҳи феврал ба моҳ тағйир дода аст.

Ватсап аз корбарони худ мехоҳад ба иштирок гузошта шудани иттилооти ҳисоби корбарии худ бо Фейсбукро бипазиранд ва дар ғайри ин сурат ҳисоби онҳоро қатъ хоҳад кард.

 Ин масъала муҷиб шуда аст, то миллионҳо нафар аз корбарони ин шабакаи паёмрасон аз ҷумла Раҷаб Тайиб Ардуғон-раиси ҷумҳӯри ин кишвар ва чанд вазоратхона , Ватсапро тарк кардаву ба шабакаҳои дигаре монанди Телеграм ва БиП, ки шабакаи паёмрасони бумӣ аст, рӯй оваранд.

бештар бихонед: