Ҳароси Туркия аз давлати Ҷо Байден
Вазири хориҷаи собиқи Туркия муътақид аст, ҳузури бархе афрод дар давлати нави Амрико ба зарари Анкара аст.
Ба гузориши хабаргузории “Курд Пресс”, Яшар Якис, вазири хориҷаи собиқи Туркия гуфт: Ҳузури Энтони Блинкен, вазири умури хориҷа ва Берт Мак-Гурк, масъули умури Ховари Миёна дар давлати Ҷо Байден бо собиқаи дифоъ аз курдҳо ва ё ҳамкорӣ бо онҳо дар Сурия ба зарари Туркия аст.
Яшар Якис суханони Энтони Блинкен дар ҷаласаи Кумитаи равобити хориҷӣ дар бораи лузуми таҳрими бештари Туркияро гувоҳӣ бар мухолифати шадиди ин афрод бо сиёсатҳои Туркия донист.
Якис афзуд: Гурк меъмори сиёсатҳои Амрико дар мавриди курдҳои Сурия аст ва ба ҳамин далел расонаҳои Туркия нисбат ба равобити ӯ бо курдҳои Сурия ҳушдор додаанд.
Вазири хориҷаи собиқи Туркия ҳамчунин ташкили давлати нави Амрико ба раҳбарии Ҷо Байден ва иртиботи он бо Туркияро ҳамонанди ба роҳ афтодани як тӯфон донист, ки наметавон осебҳои эҳтимолии он барои Туркияро пешбинӣ кард.
Бештар бихонед:
- Мақомҳои аршади Кохи Сафед дар давлати Байден муаррифӣ шуданд
- Эрон таҳримҳои Амрико алайҳи Туркияро маҳкум кард
- Равобити давлати Ҷо Байден бо Русия бо ихтилоф оғоз шуд