Феврал 02, 2021 16:25 Asia/Dushanbe
  • Ин сеюмин паҳподи артиши режими саҳюнистӣ аст, ки дар як ҳафтаи ахир дар Ғазза ва Лубнон соқит мешавад
    Ин сеюмин паҳподи артиши режими саҳюнистӣ аст, ки дар як ҳафтаи ахир дар Ғазза ва Лубнон соқит мешавад

Нерӯҳои муқовимат як паҳподи режими саҳюнистиро дар шарқи Хон Юнус воқеъ дар ҷануби Ғазза сарнагун карданд.

Ба гузориши Ню пресс, Амир Бухабут, коршиноси масоили низомии Исроил субҳи имрӯз сешанбе зимни таъйиди хабари сарнагунии ин паҳподи режими саҳюнистӣ дар ҷануби Ғазза гуфт: ин сеюмин  паҳподи артиши режими саҳюнистӣ аст, ки дар як ҳафтаи ахир дар Ғазза ва Лубнон соқит мешавад.

Ҳизбуллоҳи Лубнон низ рӯзи гузашта эълом кард, размандагони ин ҷумбиш муваффақ шуданд як паҳпод(ҳавопаймои бидуни сарнишин)-и режими саҳюнистиро дар ҷануби Лубнон шикор ва сарнагун кунанд.

Паҳподҳо ҷангандаҳо, болгардҳо ва тӯпхонаи режими саҳюнистӣ дар моҳҳои ахир борҳои манотиқи мухталиф дар борикаи Ғаззаро ҳадаф қарор додаанд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп