Феврал 03, 2021 15:18 Asia/Dushanbe
  • Арабистони Саудӣ бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии вируси корона вуруди шаҳрвандони 20 кишварро мутаваққиф кард
    Арабистони Саудӣ бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии вируси корона вуруди шаҳрвандони 20 кишварро мутаваққиф кард

Арабистони Саудӣ вуруди шаҳрвандони 20 кишварро ба муваққатан мутаваққиф кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, хабаргузории расмии Арабистон ба нақл аз як мақом дар Вазорати кишвари Саудӣ рӯзи чоршанбе эълом кард, дар пайи густариши бемории Ковиди 19 вуруди шаҳрвандони 20 кишвар ба ҷуз дипломатҳо, муттахассисони беҳдошт ва саломат ва хонаводаҳои онҳо ба сурати муваққат ба ҳолати таълиқ даромадааст.

Ин бист кишвар Олмон. Амрико, Аргентина, Иморот, Индонезия, Ирландия, Япония, Италия, Покистон, Бразилия, Португалия, Англия, Туркия, Африқои Ҷанубӣ, Шветсия,Шветсария, Фаронса, Лубнон, Миср ва Ҳинд аст.

Арабистони Саудӣ пас аз Ироқ бештарин маргу мир аз коронаро миёни кишварҳои арабии Ғарби Осиё сабт кардааст.

Токунун беш аз 368 ҳазор бемори Ковиди 19 дар Арабистон шиносоӣ ва марги 6 ҳазору 400 нафар аз онон низ сабт шудааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп