Феврал 11, 2021 22:27 Asia/Dushanbe
  • Тадовуми юриши низомиёни саҳюнист ба манотиқи фаластинӣ

Низомиёни саҳюнист дар идомаи иқдомоти хасмонаи худ бори дигар ба манотиқи мухталифи каронаи бохтарии руди Урдун юриш бурданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии тоҷикии Садои Хуросон имрӯз панҷшанбе дар паи юриши низомиёни режими саҳюнистӣ ба шаҳраки Қуботия дар ҷануби шаҳри Ҷинин дар каронаи бохтарии руди Урдун даргириҳои шадиде миёни нерӯҳои муқовимат ва нерӯҳои ишғолгари Қудс ба вуқуъ пайваст .

  Режими саҳюнистӣ бидуни тавваҷуҳ ба дархостҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳамчунон ба боздошту тахриби манозили фаластиниён идома медиҳад .  Низомиёни саҳюнист рӯзона ба манотиқи мухталифи Каронаи бохтарӣ ҳуҷум мебаранду иқдом ба тахриби манозили фаластиниёну боздошти ҷавонони фаластинӣ мекунанд .

  Дар ҳамин ҳол низомиёни режими саҳюнистӣ дар идомаи ҳамалоти ҳамарӯза ба манотиқи фаластининишин ба Масҷидулақсо дар Қудси ишғолӣ низ юриш бурданд .

 

 Бештар бихонед :

 

Барчасп