Феврал 16, 2021 17:24 Asia/Dushanbe
  • Баррасии роҳҳои ҷазби сармоягузорони саудӣ дар Тоҷикистон
    Баррасии роҳҳои ҷазби сармоягузорони саудӣ дар Тоҷикистон

Роҳҳои ҷазби сармоягузорони саудӣ дар бахши кишт ва саноати Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Акрам Каримӣ, сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо Абдураҳмон Фазлӣ, вазири муҳити зист, обу кишоварзии Арабистони Саудӣ  дар Риёз дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ин мулоқот  дар мавриди роҳҳои тавсеаи ҳамкорӣ ва ҷазби сармоягузорони саудӣ дар кишоварзии Тоҷикистон баҳсу табодули назар шуд.

Тарафайн ҳамчунин бар лузуми таҳияи пешнависи асноди ҳамкории дуҷониба дар бахши кишоварзӣ таъкид карданд.

 

Бештар бихонед: 

Барчасп