Феврал 19, 2021 18:37 Asia/Dushanbe
  • Яман: Мутаҷовизон аз ғайринизомиёни Маъриб ба унвони сипари инсонӣ истифода мекунанд

Шӯрои олии умури башардӯстонаи Яман таваққуфи ҷиноёти эътилофи мутаҷовизи саудӣ дар истифода аз ғайринизомиёни Маъриб ба унвони сипари инсониро хостор шуд.

Шӯрои олии умури башардӯстонаи Яман бо интишори баёнияе эълом кард, эътилофи мутаҷовиз ва муздуронаш аз ғайринизомиён ва оворагони Маъриб ба унвони сипари инсонӣ истифода мекунанд то аз ин тариқ пешравии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман дар ин устонро мутаваққиф кунанд.

Ин шӯро эътилофи саъудӣ ва муздуронашро масъули ба хатар афтодани ҷони ғайринизомиён ва вазъияти нобасомони онон донист ва бар таваққуфи ҷиноёти ин эътилоф аз сӯйи ҷомеаи байналмилал таъкид кард.

Дафтари сиёсии ҷунбиши  Ансоруллоҳи Яман низ мавозеи байналмилалӣ роҷеъ ба таҳаввулот дар Маърибро омиле барои идомаи таҷовуз ва муҳосира алайҳи Яман эълом ва изҳор дошт, мушорикати гурӯҳи террористии ДИИШ бо эътилофи мутаҷовиз дар набарди Маъриб гувоҳи мизони иртиботи асосии мавҷуд миёни эътилофи саудӣ ва гурӯҳи террористии ДИИШ аст.

Устони Маъриб аз як ҳафта пеш шоҳиди марҳалаи ҷадиди амалиёти артиш ва кумитаҳои мардумӣ аст, нерӯҳои яманӣ бо пешравиҳои худ акнун 10 километр то шаҳри Маъриб фосила доранд.

Шаҳри Маъриб аслитарин маркази таҷаммӯи нерӯҳои вобаста ба давлати мустаъфии Мансури Ҳодӣ аст. Ба гуфтаи коршиносони низомӣ, озодии шаҳри Маъриб метавонад тамоми муодилоти ҷанги Яманро тағйир диҳад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп