Таъкиди мақоми режими саҳюнистӣ дар ҷилавгирӣ аз вуруди ваксинаи корона ба Ғазза
(last modified 2021-02-21T20:41:26+00:00 )
Феврал 22, 2021 01:41 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди мақоми режими саҳюнистӣ дар ҷилавгирӣ аз вуруди ваксинаи корона ба Ғазза
    Таъкиди мақоми режими саҳюнистӣ дар ҷилавгирӣ аз вуруди ваксинаи корона ба Ғазза

Як узви саҳюнист Кнессет дар як изҳороти душманона таъкид кард, ки эмгузаронии корона бояд аз вуруди навори Ғазза пешгирӣ карда шавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Элитт Шокид, узви Кнессети режими саҳюнистӣ гуфт: То замоне, ки аҷсоди низомиёни исроилӣ дар Навори Ғазза аст, Тел-Авив бояд аз вуруди ваксинаи корона ба ин минтақа мамониат кунад.

Шокид афзуд: На танҳо ҷилави вуруди ваксинаи корона, балки бояд ҷилави вуруди ҳар гуна кумаки башардӯстона ба Навори Ғазза гирифта шавад.

Вазорати беҳдошти Фаластин душанбеи ҳафтаи гузашта эълон кард, ду ҳазор доза ваксинаи Спутник В-ро барои вуруд ба Навори Ғазза мунтақил кардааст. Аммо мақомоти режими саҳюнистӣ аз вуруди ин маҳмула ба Ғазза ҷилавгирӣ кардаанд.

Ҷунбишҳои Ҳаммос ва Ҷиҳоди исломии Фаластин ва Ташкилоти Худгардон мамониати режими саҳюнистӣ аз вуруди ваксинаи корона ба Навори Ғаззаро ба шиддат маҳкум карда ва мудохилаи Созмонҳои байналмилалӣ дар ин хусусро хостор шуданд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп